2 ҳазору 397 соли зиндон барои Машарипов

Намояндаи додситонии Истамбули Туркия барои шаҳрванди Ӯзбекистон Абдулқодир Машарипов, ки шаби Соли нав ба клуби шабонаи ин шаҳр ҳамла кард, 40 ҳабси якумрӣ ва 2 ҳазору 397 соли зиндон талаб кард.
Машарипов пештар аз додрас барои худ ҳукми қатл хост. Ин шаҳрванди Ӯзбекистонро дар «кӯшиши сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ», анҷоми амали террористӣ, куштори теъдоди зиёди одамон ва ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ айбдор мекунанд.

Ӯ ҳини бозпурсӣ иқрор кард, ки нақша дошт, шаби 1 январ дар майдони «Тақсим»-и Истамбул амали террористӣ анҷом диҳад. Вале ба иллати ташдиди чораҳои амниятӣ тасмим гирифт, ба клуби «Reina» ҳамла кунад, ки дар натиҷа 39 одам кушта ва 65 тани дигар захмӣ шуданд.

Машарипов баъди чанд рӯз дар маҳаллаи Эсенюрти Истамбул дастгир гашт. Ҳангоми боздошт аз манзили зисташ ду туфангча, дрон, чанд симкорт ва 197 ҳазор доллари ИМА пайдо карданд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркия мегӯянд, эҳтимол аст, ин пулҳоро ӯ бар ивази анҷоми ҳамла дарёфт карда бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *