Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё шарафашро ҳифз мекунад

10 майи соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Ҳиндустон – шаҳри Ню-Деҳлӣ Чемпионати Осиё оид ба намудҳои гуштин оғоз гардид. Шарафи варзиши ҷумҳурии моро дар ин чемпионат 13 нафар варзишгар аз рӯи намудҳои гуштии озод ва классикӣ (юнонӣ-румӣ) ҳимоя мекунанд.

Тавре аз Федератсияи гуштии озод ва классикии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ба Чемпионати Осиё Ҷамшед Шарифов (вазни 57 кило), Абдулқосим Файзиев (61), Амирҷони Саидҷон (65), Ғуломҷон Шарифов (70), Салимҷон Ҳалимзода (74), Баҳодур Қодиров (86), Искандари Рустам (97), Фарҳод Анақулов (125) дар намуди гуштиии озод, Рӯзадор Ҷуганиев (59), Суҳроб Ҳоҷиев (71), Бахтовар Ҳасанов (75), Суҳроб Абдулҳаев (80) ва Азиз Зарипов (98) дар намуди юнонӣ-румӣ таҳти роҳбарии мураббиён Абдурозиқ Олимов ва Ҳабибулло Абдуллоев сафарбар гардидаанд.

Чемпионати мазкур то 14 май идома меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *