2 медали нуқраи Сорбон аз Қазоқистон

8 июл дар шаҳри Остона мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо барои дарёфти ҷоизаҳои Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев баргузор шуд.

Варзишгари тоҷик Сорбон Латифов дар ин мусобиқа ду медали нуқра ба даст овард. Ӯ дар муҳорибаи самбои размӣ дар вазни -62 кило баъди ду пирӯзӣ бар Мироншоҳ Асадуллоев (Ӯзбекистон) ва Тайбек Умаров (Қазоқистон) ба финал баромада, дар финал аз Казбек Супайгалиеви қазоқ мағлуб гашт. Медали дуюмро Сорбон дар рақобатҳо оид ба самбои варзишӣ ба даст овард. Ӯ нахуст Роман Козлови русиягиро шикаст дод. Баъдан бар Айдос Ахметови қазоқ пирӯз шуд. Дар финал аз варзишгари дигари Қазоқистон Йессат Куанов мағлуб гашт.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ беш аз 200 варзишгар аз 16 кишвари ҷаҳон иштирок карданд.

                                

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *