Фархор: Ғарқ шудани як зану се духтар

Рӯзи 10 июл дар ноҳияи Фархор 4 нафар – як зани миёнасол ва се духтари ҷавони 18-сола дар дарёи Сурxоб ғарқ шудаанд. Онҳо дар деҳаи Первомайи ҷамоати Комсомол ҳангоми оббозӣ ба дарё афтидаанд.

Ду нафарро аз дарё берун овардаанд, вале ҷустуҷӯи дуи дигар идома дорад. Гуфта мешавад, ки ин зану се духтар оббозиро хуб намедонистанд ва дар он наздикӣ мардон ҳам набудаанд, ки зуд ба кумакашон бирасанд.

Аз аввали сол дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон алакай ҳудуди 70 нафар ҷон бохтаанд. Ин дар ҳолест ки мавсими оббозӣ дар ин кишвар ҳоло дар нуқтаи авҷаш қарор дорад ва ҳар рӯз ҳазорон нафар худро аз гармои тасфон ба лаби кӯлу дарёҳо мезананд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *