2 октябр: Биёед, имрӯз табассум мекунем
Дар кишварҳои олам:
Рӯзи ҷаҳонии бидуни хушунат
Рӯзи ҷаҳонии табассум
Рӯзи ихтироъи почтаи электронӣ
Дар Ҳиндустон-зодрӯзи Маҳатма Ганди
Дар Эрон-Иди Меҳргон
Дар Гвинея-Рӯзи истиқлолият
Дар Италия-Рӯзи бибиҳо ва бобоҳо
Дар Ирландия-Рӯзи картошка
Дар Сингапур-Рӯзи кӯдакон
Дар ИМА-Рӯзи роҳ ба мактаб
Аз саҳифаҳои таърих:
02.10.1936 Дар ИМА истеҳсоли нӯшокии спиртӣ дубора роҳандозӣ шуд.
02.10.2002 Дар Япония бори аввал дар ҷаҳон робот-инкассатор ба фурӯш бароварда шуд.
02.10.2009 Дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ китоби “Назаре ба зиндагонии Имоми Аъзам Абӯ Ҳанифа ибни-Нуъмон” — и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нашр расид.
Ёди ёри меҳрубон:
-70-солагии зодрўзи Рафоат Алиева (1950), муаррих
-90-солагии зодрўзи Яъқуб Алоев (1930), доирадаст, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон
-80-солагии зодрўзи Анна Костушкина (1940), забоншинос
-130-солагии зодрўзи Ашўр Маҳмадқулов (1890-1971), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ
Pressa.tj-ро пайгирӣ кунед ва аз дигар хабару рӯйдодҳои ҷаҳон огаҳ бошед.
Амони Муҳаммад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ