Бародари Ҳоҷӣ Мирзо вафот кард

Саидмурод Ибронов, бародари калонии воизи шинохтаи тоҷик Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, рӯзи 1 октябр дар синни 56-солагӣ дар Душанбе вафот кард.

Наздикони рӯҳонии маъруф гуфтанд, ки Саидмурод Ибронов соати тақрибан 12:30 бар асари сактаи қалб вафот кардааст ва маросими намози ҷанозааш соати 16:30 дар масҷиди Сариосиё баргузор шудааст.

Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов яке аз маъруфтарин воизони тоҷик аст, ки бо мавъизаҳои пурбораш дар масоили фиқҳиву шаръӣ ном баровардааст.

Ҳоҷӣ Мирзо то соли 2012 имомхатиби масҷиди ҷомеи «Ҳилоли Аҳмар” дар шаҳри Кӯлоб буд ва ин масҷид ба далели маҳорати имомаш дар он даврон ҳар намози ҷумъа то 5 ҳазор намозгузорро аз шаҳри Кӯлобу минтақаи Кӯлоб ва ҳатто аз гӯшаҳои дигари Тоҷикистону берун аз он гирд меовард. Вале баъди аз мақоми имоматии ин масҷид барканори шудани Ҳоҷӣ Мирзо масҷиди «Ҳилоли Аҳмар” дигар маъруфияти қаблиашро аз даст дод ва саффи намозгузоронаш низ асосан бо сокинони маҳаллаи атрофи он маҳдуд шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *