2 сол хизмат, ё 2 сол зиндон

Прокуратураи ноҳияи Мастчоҳ нисбати се даъватшаванда барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст ва тибқи қонунгузорӣ, онҳоро аз 34 ҳазор сомонӣ ҷарима то ду соли зиндон интизор аст.

Дар ин бора ҳафтаномаи “Машъал”, нашрияи расмии МИҲД-и ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад. Манбаъ аз ин се нафар ном набурдааст ва танҳо гуфтааст, ки ҳар се сокини ин ноҳия буда, моҳи марти соли равон баъди гузаштан аз ташхиси тиббӣ ва гирифтани даъватнома барои хизмати ҳарбӣ, бе ягон асос ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашуда, аз хидмати ҳарбӣ саркашӣ кардаанд.

Прокуратураи Мастчоҳ бар зидди онҳо барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ва алтернативӣ (моддаи 343, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст ва ҳоло он “дар тафтишоти пешакӣ қарор дорад”.

Қаблан Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон хабар дода буд, ки соли 2022 барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ 108 ҷавони синни даъват ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *