20 донишҷӯи донишкада ғолиби озмунҳои дохиливу берунӣ шуданд
Дар 6 моҳи соли равон донишҷӯёни донишкада дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуривӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардиданд. Ин нуктаро Зарина Ибодзода, ректори МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Ба гуфтаи ӯ, дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 4 нафар донишҷӯ ҷойҳои сеюмро ишғол намуда, 3 нафари дигар дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” сазовори ҷойҳои 2 ва 3 гардидаанд.
“Дар моҳи феврали соли ҷорӣ 3 нафар донишҷӯи донишкада дар Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалии донишҷӯён бахшида ба 100-солагии Академияи тиббии Тошканд ширкат намуда, дар бахшҳои гуногун сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд”,- таъкид дошт роҳбари муассиса.
Тавре Зарина Ибодзода қайд кард, дар озмуни байналмилалии онлайнӣ аз фанни химия, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон миёни 50 муассисаи таҳсилоти олии касбии тиббӣ аз 7 давлат доир гардид, ду донишҷӯ сазовори ҷойи 2-юм ва як нафар сазовори ҷойи 3-юм гардид. Хусрав Хоҷиев, доиншҷӯи донишкада дар озмуни байналмилалии “Таълимгирандагони — 2023” дар Донишгоҳи тиббии Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷойи якумро ишғол намуда, соҳиби “Диплом”-и ҷойи аввал ва “Сертификат”-и “Ҷойи аввал дар байни ҳамсолон” гардид. Ҳамзамон, 2 донишҷӯи донишкада дар озмуни Донишгоҳи тиббии шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат намуда, сазовори ҷойҳои 2 ва 3 гардиданд. Дар маҷмуъ, 20 муҳассилини МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” дар озмунҳои гуногун соҳиби ҷойҳои намоён гардидаанд.
Бояд гуфт, ки аз ҷониби муассиси донишкада д.и.т., профессор Ибодов Ҳ. ҳар як донишҷӯ ва омӯзгороне, ки дар озмунҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, ба миқдори аз 2000 то 5000 сомонӣ мукофотпулии яквақта сарафроз гардонида шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ