20 хориҷии қонуншиканро аз Тоҷикистон берун карданд
Шурӯъ аз 22 май то 2 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон марҳилаи якуми чорабиниҳои фаврӣ-профилактикӣ ва амалиёти махсуси «Нелегал-2017» гузаронида шуданд, ки зимни онҳо 120 ҳолати вайрон намудани қонунгузории муҳоҷират ба қайд гирифта шуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд, дар ҷараёни амалиёти махсус дар маҷмӯъ 7150 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар манзилҳои истиқоматӣ, 302 корхонаву ширкат, ки дар онҳо шаҳрвандони хориҷӣ фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, аз қабили 55 ширкати сохтмонӣ, 40 ширкати истеҳсолӣ, инчунин 67 бозору марказҳои савдо мавриди санҷиш қарор дода шуданд.
Зимни санҷишҳои муштарак 120 ҳолати вайрон намудани қонунгузории муҳоҷират, аз ҷумла 102 ҳолати вайрон намудани тартиби будубош, бе қайди шиноснома дар мақомоти корҳои дохилӣ ва шиносномаҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор, 18 ҳолати вайрон намудани тартиби фаъолияти меҳнатӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд муайян карда шуданд.
Ба гуфти манбаъ, вайронкунандагони қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаримабандӣ шуданд. 20 нафар шаҳрвандони хориҷие, ки талаботҳои қонунҳои амалкунандаи будубошро дағалона вайрон намудаанд, тибқи қарори суд аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ