Некии Мирзоӣ – Голландия — Эрон

Қофилаи бедорӣ

Вақте қабилаи шаб,

Дастҳои инқилобро бариданд,

Ва субҳро ба зулолати шаб фурӯхтанд,

Барои гардани орзуҳои ҷавонимон ҷуз таноб набофтанд.

Парвоз ва парандаро ба қафас фурӯхтанд,

Мамнуиятро бар пешонии қуллаҳо ҳак карданд,

То осмони пури умедро ба парвоз насупорад.

Ва кабутарони раҳоӣ,

Аз тоқчаи озодӣ калимае барначинанд.

Шабкорон,

Офтобкорон ранҷҳои бепоёни ишқро,

Дар тӯдае аз абрҳои сиёҳ дафн карданд.

Ва дар дуртарин гӯшаи боғ,

Дарахти кудурат коштанд.

Қофилаи бедорӣ аммо,

Чун халиҷу Хазари хурӯшон,

Моҳро бар замин хоҳад нишонд.

نیکی میرزایی- هلند- ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *