20 нафар коргар дар саноат ва куҳканӣ ба ҳалокат расидаанд
Раиси Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон Санъат Раҳимзода рӯзи 4-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки коргарон ба сабаби «риоят накардани меъёрҳои бехатарӣ» ба ҳалокат расидаанд.
«Роғун» яке аз бузургтарин тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад ва барои бунёди он 14 ҳазор коргар ва мутахассис фаъолият доранд, ки дар миёни онҳо мутахассисон аз Эрон, Чин, Италия ва Русия низ ҳастанд.Ба гуфтаи Санъат Раҳимзода, дар маҷмӯъ соли гузашта дар ҳодисаҳои нохуш дар бахши саноат ва истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон 20 нафар коргар ҷон бохтаанд ва 20 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.Вай афзуд, бештари фалокатҳо ҳангоми истихроҷи маъданҳое ба вуқуъ пайвастаанд, ки ба ширкатҳои тааллуқ доранд. Ду ҳодиса дар ширкати «Талко» ва кони марбут ба ин ширкат дар ноҳияи Айнӣ, ба вуқӯъ пайвастааст.Санъат Раҳимзода гуфт, ки хадамот вазифадор шудааст, ҷуброни зарар ба кормандро аз ширкату корхонаҳои масъул дарёфт карда ва онро ба ҳалокшудагон ва хонаводаҳои осебдидагон бирасонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ