Забон донӣ, ҷаҳон донӣ…

Имрӯз дар толори шӯрои олимони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ВАО ҳисоботи солонаи донишкада ҷамъбаст гардид. Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи        Сотим Улуғзода  дорои 4 факултет: филологияи тоҷик, филологияи рус, забонҳои романӣ- германӣ, забонҳои Шарқ, шӯъбаи таҳсилоти фосилавӣ  дар назди 10 кафедра аз рӯйи  27 ихтисос      бо фарогирии 3872 нафар  донишҷу фаъолият мекунад.   Донишкада дар соли 2018 тариқи Маркази миллии тести  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи нақшаи қабул 926 нафар  донишҷӯ қабул кардааст. Дар давраи ҳисоботӣ  қабули шаҳрвандони хориҷӣ низ тибқи муқаррароти    ба роҳ монда шуда, аз ҷумҳуриҳои   Афғонистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон  ба зинаи бакалавриатура  258   нафар  довталаб дохил гардиданд.    Ёдовар мешавем, ки   донишкада бо зиёда аз 45 муассисаи   таҳсилоти олии касбии кишварҳои  хориҷӣ  созишномаи  ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Айни замон  дар донишкада  10 нафар омӯзгорони  забонҳои хориҷӣ аз ИМА, Ирландия, Ҷопон, Кореяи ҷанубӣ, Чин  ва   Мисри араб фаъолият менамоянд.

Ширин,

хабарнигори «Тоҷикистон таймс»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *