20 соли зиндон барои домоди собиқи президент
Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон Одил Тойганбоевро ба 20 соли зиндон, мусодираи амвол ва ҷарима дар ҳаҷми 20 ҳазор сом (муодили тақрибан 2 ҳазор сомонӣ) маҳкум кард.
Ба ҷуз, ин домоди пешини президенти фирории Қирғизистон Аскар Акаев вазифадор шуд, ки ба ҷониби зарардида — «Фурудгоҳи байналхалқии Манас» 9,6 млн доллар пардохт кунад.
Одил Тойганбоев дар хориҷ паноҳ мебарад ва ба ин далел додгоҳ дар ғайбаш ҳукми боздошти ӯро содир кард.
Шаҳрванди Қазоқистон Одил Тойганбоев, шавҳари пешини духтари президенти нахустини Қирғизистон Аскар Акаев аст. Баъди инқилоби соли 2005 нисбати Тойганбоев бо айби «Қаллобӣ бо маслиҳати пешакӣ», «Дуздӣ» ва «Саркашӣ аз пардохти андоз» парванда кушода шуд.
Солҳои 2013 ва 2014 ӯро дар Алмато ва Москва боздошт карданд. Соли 2016 вай дар Дубай боздошт шуд, вале ӯро ба Қирғизистон истирдод накарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ