Дуздхонум 700 сомониро рабуду ба даст афтод

 Чуноне аз ВКД хабар медиҳанд,ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ аризаи марди 53-солаи сокини деҳаи Ёвонобод дар он хусус ворид гардид, ки рӯзи 16-уми июли соли равон, ҳангоми дар назди дӯкони нӯшокиҳои спиртӣ қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 700-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ зани 31-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *