Фестивали “Арзиш ва сарватҳои олимпӣ”

Бо ташаббуси Академияи миллии олимпӣ дар назди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар якҷояги бо Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-ум то 12-уми июли соли равон дар истироҳатгоҳи «Ёс»-и дараи Ромит Фестивали таълимӣ-варзишии “Арзиш ва сарватҳои олимпӣ” баргузор гардид. Лоиҳаи мазкур бо дастгирии молиявии Хазинаи байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (МФГС) дар шаҳри Душанбе  ва Академияи миллии олимпӣ гузаронида шуд.

Дар фестивали 40 нафар варзишгари  18- 25- сола аз 7 ҷумҳурии ИДМ, инчунин роҳбарони барномаҳои таълимӣ аз кумитаҳои миллии олимпӣ ва намояндагони Академияҳои миллии олимпии Арманистон, Беларус, Молдова,  Қирғизистон, Тоҷикистон ва Украина ширкат варзиданд.

Мақсад ва ҳадафҳои Фестивал ин мусоидат намудан барои мустаҳкам намудани ҳамкорӣ ва сулҳу дӯстӣ байни ҷавонони ИДМ бо ёрии сарварон – тарафдорони ҳаракати олимпӣ, бештар кардани шавқмандӣ  барои омӯхтани арзиш ва сарватҳои ҳаракати олимпӣ, омӯзиши ҳаматарафаи таърихи пайдоиш ва рушди ҳаракати олимпӣ аз ҷониби ҷавонон мебошанд.

Дар маросими кушодашавии Фестивал Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон професссор Фарҳод Раҳимӣ, директори МФГС Исанов Т.Г., Сафирон ва мушовирон аз Сафорати Арманистон ва Беларус ширкат варзиданд.

Дар давоми Фестивал сессияҳои пленарӣ ва мубоҳисаҳо дар бораи арзиш ва сарватҳои ҳаракати олимпӣ, варзиш баргузор шуда, инчунин, стендҳо дар бораи фаъолият ва дастовардҳои Кумитаҳои миллии олимпӣ ва Академияҳои миллии олимпии давлатҳо-иштирокчёни  Фестивал рӯнамоӣ гардиданд; мусобиқаҳои варзишӣ оид ба шоҳмот, волейболи соҳилӣ, тенниси рӯи миз ва намоишҳои варзишии намунавӣ аз рӯи 12 намуди  варзишӣ олимпӣ дар маҷмааи варзишии “Андоз”-и шаҳри Душанбе срат гирифтанд.

Мунтахаби Тоҷикистонро варзишгарон Абдураҳимов Алишер, сардори даста, номзад ба устоди варзиш оид ба бадминтон;  Фарход Шарифӣ, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба таэквандо ИТФ, сафири варзиши Тоҷикистон дар шаҳри Минск дар соли 2012, сафири сулҳи Тоҷикистон дар Мюнхен соли 2013; Шарипова Миҷгона, устоди варзиш оид ба гимнастикаи бадеӣ;  Кантаева Майрам, номзад ба устоди варзиш оид ба камонварӣ ва  роҳбари даста Норов Хуршед, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба дзюдо, нозири калони воҳиди махсуси ВКД ҶТ намояндагӣ карданд.

Нишотовар аст, ки дар аксари мусобиқаҳо  врзишгарони Тоҷикистон беҳтару хубтар маҳорати ксбии худро намоиш дода, дар ҷамъбасти даставӣ ғолиби Фестивали таълимӣ-варзишии “Арзиш ва сарватҳои олимпӣ” эътироф шуда, соҳиби Ҷоми фестивали мазкур гардид.  Ба дастаҳои дигар низ аз рӯи натиҷаи мусобиқаҳои ғайрирасмӣ шоҳҷоизаҳо супорида шуд.

 

Дилрабо Одилхоҷа,

Сардори Маркази матбуоти Академияи миллии олимпӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *