200 ҳазор мукофот барои ошкори ду ҷинояти вазнин Ваҳдат

Мақомоти Тоҷикистон барои кӯмак дар ошкор кардани ду ҷинояти куштор дар шаҳри Ваҳдат 200 ҳазор сомонӣ мукофот ваъда карданд.

Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ошкор кардани ин ҳодисаҳо мусоидат намоянд.

Ҳодисаи аввал 5-уми декабри соли 2024 рух дода, Олимов Тоҷиддин, сокини деҳаи Баҳористони шаҳри Ваҳдат ба қатл расидааст.

Ҳодисаи дуюм шаби 6-ум ба 7-уми декабр сабт шуда, дар он Ҳаётов Маҳмадалӣ, сокини деҳаи Бонғураи ҳамин шаҳр кушта шудааст.

Ҷузъиёти бештар дар бораи ин воқеаҳо то ҳол нашр нашудааст. Аммо мақомот гуфтаанд, ба шахсоне, ки маълумоти боэътимод пешниҳод мекунанд, мукофотпулӣ дода мешавад ва махфӣ нигоҳ доштани шахсияти онҳо кафолат дода мешавад.

Тамос:

📞 Телефон: (Whatsаpp) [+992 918-63-33-50]

📧 Почтаи электронӣ: [mvduur.tj@gmail.com]

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *