200 метр парчами Моҳираи хуҷандӣ
Моҳира Шарифова, ягона устои парчамдӯз дар вилояти Суғд ба дӯхтани як парчами 200-метрӣ машғул аст. Қарор аст, рӯзи 24 ноябр, дар рӯзи Парчами миллӣ ҷавонон дар кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд бо парчами бузурги дӯхтаи Моҳира Шарифова роҳпаймоӣ кунанд.
Ҳанӯз ғулғулаи таҷлили солгарди 25-уми иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ фурӯ нанишаста, дар шаҳри Хуҷанд ба таҷлили иди навбатӣ – Рӯзи Парчам тайёрӣ мебинанд. Иди Парчам дар Тоҷикистон ҳар сол рӯхи 24 ноябр ҷашн гирифта мешавад.
Имсол дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи парчами Тоҷикистон, дӯхтани як парчами 200-метра дар назар гирифта шудааст.
Ин парчамро ягона дӯзандаи парчамдӯз дар вилояти Суғд, Моҳира Шарифова медӯхтааст. Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, парчами 200- метриро дар ҷашни Парчам донишҷӯён дар шоҳроҳи шаҳри Хуҷанд болои даст гирифта, раҳпаймоӣ мекунанд.
Ин иттилоъро масъулини қитъаи ободонии шаҳри Хуҷанд низ таъйид карда гуфтанд, ки онҳо шаҳрро бо парчамҳо оро дода, ба таҷлили ҷашни ин муқаддасоти миллӣ омода мекунанд.
Соли 2015 низ Моҳира Шарифова ба хотири таҷлили Рӯзи парчам, парчами дарозияш 500 метрро дӯхта буд ва донишҷӯён онро бардошта, дар кӯчаҳои Хуҷанд раҳпаймоӣ карда буданд.
Аммо дар дӯхтани дарозтарин парчами Тоҷикистон то имрӯз аз ҳама дастболо корхонаи «Тоҷиктекстил”-и Душанбе боқӣ мемонад. Ин корхона дар соли 2011 ба шарафи солгарди 20-уми истиқлоли Тоҷикистон парчаме дӯхта буд, ки 2011 метр дарозӣ ва 860 кило вазн дошт. Рӯзи 9 сентябри соли 2011 дар солгарди истиқлоли Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор нафар ин парчами бузургро дар кӯчаҳои марказии Душанбе рӯи даст гардонданд.
Парлумони Тоҷикистон дар соли 2009 рӯзи 24 ноябрро Рӯзи Парчами миллӣ эълон кард ва ба феҳристи идҳои расмӣ шомил кард. Вале Рӯзи Парчам дар Тоҷикистон рӯзи таътил нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ