“Генерали мардумӣ” боздошт шуд

Эшони Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, яке аз рӯҳониёни маъруфи солҳои 90 ва муҷриёни асосии митингҳои мухолифин дар солҳои 1991-1992, ки бо шиори «Иттиҳод рамзи пирӯзист!” маъруф шуда буд, шаби 20 ноябр дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия боздошт ва билофосила бо ҳавопаймо ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Сомонаи «Паём” рӯзи 21 ноябр бо такя ба наздикони Эшони Сайид Қиёмиддини Ғозӣ хабар дод, ки ин рӯҳонии шинохтаи тоҷик шаби 20 ноябр аз Истамбули Туркия ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия парвоз кардааст, вале ӯро баробари расиданаш ба Петербург боздошт ва билофосила бо парвози Санкт-Петербург – Хуҷанд ба Тоҷикистон истирдод кардаанд.

Сабаби боздошт ва чунин истирдоди шитобзадаи Эшони Қиёмиддин маълум нест. Ин ҳам рӯшан нест, ки оё мақомоти Тоҷикистон бар асоси кадом банди қонун ба зидди вай парванда кушода, таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарораш додаанд?

Эшони Қиёмиддин аз як хонаводаи машҳури эшонҳои муқими минтақаи Ғозималики водии Вахши Тоҷикистон мебошад. Исми ӯ ба ҷомиа бори аввал дар гирдиҳамоиҳои тирамоҳи соли 1991 дар маркази Душанбе маъруф шуд.

Ӯ бо суханрониҳои пурҳарораташ билофосила ба яке аз муҷриёни аввали он гирдиҳамоиҳо ва ҳамин тавр, гирдиҳамоиҳои баҳори соли 1992 табдил ёфт. Дар митингҳои соли 1992 ба Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар баробари Қорӣ Муҳаммадҷон ва Раҳим Нуруллобеков гирдиҳамомадагон ҳатто унвони «генерали мардумӣ” дода буданд.

Баъди пирӯзии Фронти халқӣ дар соли аввали ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Эшони Қиёмиддин бо ҷамъе аз муридонаш ба Афғонистон фирор кард. Ӯ дар Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин бештар масъулияти ҷамъоварии кумакҳо барои паноҳандагонро бар ӯҳда дошт ва ба ин манзур ба Эрон ва кишварҳои арабӣ сафар мекард ва дар масҷидҳо мавъиза мегуфт.

Баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 Эшони Сайид Қиёмиддин ба Тоҷикистон баргашт, вале дигар он нуфузи қаблиеро, ки дошт, аз даст дода буд. Тавре ба назар мерасид, байни ӯву раҳбарони дигари мухолифин, аз ҷумла Саид Абдуллоҳи Нурӣ, шикофи бузурге ба вуҷуд омадааст. Ва дар ниҳоят дар авоили солҳои 2000-ум Эшони Қиёмиддин бо аҳли хонаводааш ба Эрон ҳиҷрат кард.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *