200 нафар гирандагони стипендияи Рустами Эмомалӣ дониста шуданд
Чуноне муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинзода хабар дод, рӯйихати хонандагоне, ки стипендияи раиси шаҳрро мегиранд таъсис дода шудааст. Ба он рӯйихат 200 нафар толибилмоне шомил гардидаанд, ки аз байни довталабони зиёд дар натиҷаи озмуне ғолиб омаданд. Озмун аз ҷониби комисия дар ду давра баргузор гардида буд ва натиҷаи он аз ҷониби раиси шаҳр тасдиқ гардидааст.
Барои довталабони иштирокчӣ талаботҳои асосӣ- Рафтори намунавӣ, хониши аъло,ва ширкати фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятии мактаб ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон муқаррар гардида буд.
Ҳаҷми стипендия 250 сомонӣ буда ному насаби ғолибон дар сомонаи Раёсати маорифи пойтахт www.dushanbemaorif.tj» нашр мешавад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ