Маркази гармидиҳӣ ба сардиҳо тоб наовард

Сокинони шаҳри Бишкек шикоят доранд, ки дар пайи садамаи ахир дар Маркази гармидиҳии шаҳр ҳарорати оби низоми гармидиҳӣ поин рафта, манзилҳои зист ва муассисаҳои иҷтимоӣ то ба 14-15 дараҷа сард шудаанд. Ҳамзамон интиқоли оби гарм ҳам қатъ шудааст.

Табибони бештари дармонгоҳ ва бемористонҳои пойтахти Қирғизистон ба далели сард будани утоқҳо қабули беморони вазъашон муътадилро қатъ карданд. Ба таваллудхона ва бемористонҳои ёрии таъҷилӣ дастгоҳҳои гармидиҳии барқӣ оварданд.

Рӯзи 27 январ дар Маркази гармидиҳии Бишкек барои ба эътидол даровардани ҳарорати оби низом дастгоҳҳои иловагиро ба кор дароварданд, вале онҳо ҳам нуқс пайдо карданд.

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков бо сарвазири кишвараш Сафар Исҳоқов вазъ дар Маркази гармидиҳии Бишкекро баррасӣ карда, дастур додааст, ки сабабҳои қатъ шудани интиқоли оби гарм «мушикофона» санҷида шавад. Ӯ ҳамчунин ба сокинон барои таҳаммулпазирияшон дар ҳавои сард миннатдорӣ баён кард.

Маркази гармидиҳии Бишкекро ширкатҳои чинӣ солҳои 2014-2017 бо харҷи 386 миллион доллар замонавӣ гардонида буданд. Вале ин марказ натавонист як зимистонро пушти сар кунад.

Рӯзҳои ахир ҳарорати ҳаво дар шаҳри Бишкек то ба 25-30 дараҷа сард шуда, бино ба гуфтаи ҳавошиносон, ин ҳолат то 30 январ идома хоҳад ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *