Толибзода

 Дороии бонкҳо ва пешниҳоди қарзу пасандоз зиёд шуд

Дороиҳо ва уҳдадориҳои ташкилотҳои қарзӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 ба андозаи 33,5 млрд сомонӣ ва 26,5 млрд сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мутаносибан 33,1 фоиз (ё 8,3 млрд сомонӣ) ва 37,4 фоиз (ё 7,2 млрд сомонӣ) афзоиш ёфтаанд.

Дар ин бора муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзии молиявӣ бошад, ба санаи 30-юми июни соли 2023 ба 7,0 млрд сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта ба 1,1 млрд сомонӣ ё 18,9 фоиз зиёд шудааст.

Ба санаи 30-юми июни соли 2023 бақияи умумии пасандозҳо 17,0 млрд сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 47,9 фоиз зиёд мебошад.

Қобили қайд аст, ки аз ҳаҷми умумии бақияи пасандозҳо ҳиссаи он бо пули миллӣ 52,3 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 47,7 фоизро ташкил намудааст, ки аз паст шудани сатҳи долларикунонии иқтисодиёт ва зиёд шудани эътимоди аҳолӣ ба пули миллӣ шаҳодат медиҳад.

Агар ба таркиби бақияи умумии пасандозҳо назар андозем, 7,7 млрд сомонӣ ё 45,1 фоизи он ба шахсони ҳуқуқӣ ва 9,3 млрд сомонӣ ё 54,9 фоиз ба шахсони воқеӣ рост меояд.

— Тавре маълум аст,- гуфт Фирдавс Толибзода,- маблағгузории қарзӣ яке аз воситаҳои асосии таъмини рушди устувори иқтисодиёт, вусъат додани истеҳсолоти ватанӣ, устувор намудани иқтидори содиротӣ ва  ташкили ҷойҳои нави корӣ ба шумор меравад.

Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар нимсолаи якуми соли 2023 маблағи 9,3 млрд сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,7 млрд сомонӣ ё 42,1 фоиз афзудааст.

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда ба бахшҳои истеъмолот 40,0 фоиз, кишоварзӣ 15,3 фоиз, савдои хориҷӣ 11,5 фоиз, саноат 18,2 фоиз, хизматрасонӣ 6,8 фоиз, сохтмон 3,8 фоиз, нақлиёт 0,6 фоиз ва ба дигар соҳаҳо 3,8 фоиз рост меояд.

Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда 41,5 фоиз ё маблағи 3,8 млрд сомонӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ дода шудааст. Дар нимсолаи якуми соли равон маблағи 6,4 млрд сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,4 фоиз зиёд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *