«Истиқлол» — пешсафи Суперлигаи Тоҷикистон-2023 оид ба футзал

Даври ҳафтуми мусобиқаи Суперлигаи Тоҷикистон-2023 оид ба футзал ба анҷом расид. Пешсафи ягонаи чемпионат «Истиқлол»-и Душанбе мебошад.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, даври ҳафтуми Суперлигаи кишвар натиҷаи ғайричашмдошт ба бор наовард. «Истиқлол» бар «Пойтахт» (12:2) пирӯзии осон ба даст овард ва «Соро компания» бошад, бар «Самандар» (15:2) раҳм накард. Дар вохӯрии дигар футзалбозони «Истаравшан» ва «Амонатбонк» мусовӣ — 2:2 намуданд.

Баъди ҳафт давр «Истиқлол» бо 19 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа пешсаф аст. «Соро компания» бо 16 имтиёз дар ҷои дуюм қарор дорад. Зинаи сеюмро «Амонатбонк» бо дарёфти 10 хол моли худ кардааст.

Бояд гуфт, ки рӯзҳои 19 ва 20-уми август бозиҳои даври ҳаштуми Суперлигаи Тоҷикистон-2023 баргузор мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *