толенома

Толеъномаи 22-юми августи соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

ҳамал

Дар ҳаёти шахсӣ ва ҷойи кор аз тағйирот натарсед, беҳтараш кӯшиш намоед, ки аз вазъият фоида ба даст оред. Дарди сабуки дар ҷисматон пайдошуда ба зудӣ нест мешавад. Миёнаи рӯз каме даромади пулӣ ба даст меоред, вале тамоми маблағро пурра сарф накунед. Нафароне, ки ҳамин рӯз ба ҳаёти шумо ворид мегарданд, бароятон бурдборӣ меоранду роҳи кор меомӯзонанд.

Савр (21 апрел22 май)

савр

Дар масъалаи мушкилоти молиявиатон ҷиддан андеша кунед. Одати қарз гирифтанро партоеду маблағро сарфакорона харҷ намоед. Нофаҳмиву озурдагиҳои дар ҷойи кор рухдода барои аз кор рафтани шумо сабаб шуда наметавонанд. Хеле хуб мебуд, ки маҳз дар ҳамин рӯз аз вохӯрӣ бо сардор худдорӣ намоед. Нимаи дувуми рӯз хабари хуше шунида, болу пар мебароред.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

ҷавзо

Имрӯз кӯшиши чизеро дар зиндагӣ тағйир додан мекунед, навигарӣ мехоҳед. Чунин имкониятро шумо аз шабакаҳои интернет ба даст меоред. Миёнаи рӯз барои бартараф намудани мушкилиҳое, ки ба дигарон гуфтан намехоҳед, мусоид аст. Аз мулоқотҳои пинҳонии ошиқона худдорӣ намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

саратон

Обрӯву нуфузи саратонҳо дар ин рӯз миёни атрофиёнашон зиёдтар мегардад. Аз имкон дур нест, ки маҳз дар ҳамин ҳафта аз рафтору кирдори шумо тақдири дигарон вобастагӣ дорад. Айёми мусоидест барои вохӯрӣ бо нафарони мансабдор. Дар дилатон хоҳиши ба ягон макони бекас рафтану танҳо мондан пайдо мешавад, вале ин ба шумо муяссар намегардад. Бо шахси бароятон азиз вомехӯред.

Асад (23 июл23 август)

асад

Асадҳо имрӯз дар ҳама ҷода мавқеашонро баланд бардошта, донишу малакаи худро бояд нишон дода тавонанд, то ки атрофиён қадру қимматашонро донанд. Даҳонатонро аз гапи беҳуда нигоҳ доред, серҷоғӣ накунед, вагарна тамоми нияту нақшаҳоятонро пешакӣ гуфта, ба мақсад намерасед. Агар шумо танҳо бошед, муҳаббати худро вомехӯред, хусусан ҳангоми сафар бодиққат бошед, мурғи бахтро аз даст надиҳед. Миёнаи рӯз байни ҳамкорон муноқишаву нофаҳмӣ рух медиҳад, мушкили ҷиддӣ набошад ҳам, табъатон хира мегардад.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

сумбула

Аз уҳдаи ҳалли тамоми мушкилиҳои дар ин рӯз пайдошуда бо сари баланд мебароед, вале сахт хаста мегардед. Ягон кори навро оғоз накунед, беҳтараш корҳои нобасомонро ба анҷом расонед. Нимаи дувуми рӯз пешниҳоди хуби корӣ мешавад, вале барои амалӣ намуданаш аз дӯстон бояд кумак пурсед. Сумбулаҳои оиладор ба сари ҳамсари худ ҳукмфармоӣ кардан мехоҳанд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

мизон

Дар масъалае нақши миёнаравро бозӣ карда, аз уҳдааш хеле хуб мебароед. Вақти хубест барои мустаҳкам сохтани муносибатҳои корӣ ва оилавӣ. Агар шумо қаблан ба сари шарики умратон табақу косаро зада мешикастед, имрӯз оромона нишаста, эътирози якдигарро гӯш мекунед. Одати аз пашша фил сохтанро партоед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

ақраб

Ақрабҳо имрӯз хеле серкор мешаванд. Хоҳиши ба тартиб овардани хона шуморо ором намегузорад. Соҳибхонаҳо аз пайи шустану тоза кардану ба тартиб даровардани атрофи худ шуруъ мекунанд. Корҳои зиёдеро дар ин ҳафта аз рӯйи масъулиятнокӣ ва қарзи худ шуморида, иҷро мекунед. Барои нафароне, ки ҷойи кори худро иваз кардан мехоҳанд, рӯзи муносиб аст. Нимаи дувуми рӯз барои вохӯриҳои ошиқона ва шиносоӣ айёми хуб аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз шуморо лозим меояд, ки кори табъи дилатон набударо иҷро кунед, дар баробари ин, онро партофта ҳам наметавонед. Вазъиятро шахси дӯстдоштаатон тағйир медиҳаду дар натиҷа муҳаббататон ба ӯ бештар мегардад. Қавсҳои муҷаррадро вохӯриҳои аҷиби ошиқона дар пеш аст, ба шарте, ки дар байни чор девор нанишаста, бештар ба ҷашну консертҳо равед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

ҷаддӣ

Тамоми корҳоятон бобарор анҷом ёфта, атрофиён ба шумо ҳасад мебаранд. Диққати худро ба аҳли оилаи худ равона созед. Хусусан агар ба наздикӣ дар оилаатон нофаҳмие рух дода бошад, замони оштишавӣ ва рафъи нофаҳмиҳо фаро мерасад. Нимаи дувуми рӯз дар ҷойи кор нофаҳмии хурдакаке рух дода, табъатонро хира мегардонад.

Далв (21 январ-20 феврал)

далв

Нафарони наву аҷибе дар ҳаётатон пайдо мешаванд. Нимаи дувуми рӯз барои харид кардани ҷиҳози хона мусоид аст. Агар нақшаи таъмир кардани хонаро дошта бошед, вақти харидани масолеҳи даркорӣ расидааст. Нафаре, ки пештар шуморо ранҷонида буд, узр мепурсад, вале ба гапаш бовар накунед. Ин дӯсти душманнамо аз таги поятон чоҳ кандан мехоҳад. Нафарони ношиносро ба хонаатон роҳ надиҳед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

ҳут

Аввали рӯз ҳутҳо хеле мехоҳанд дар муҳити таскинбахш қарор дошта бошанд. Қабл аз кореро ба анҷом расонидан сад бор андеша намоед. Ақидаи худро оромона баён кунед, вагарна атрофиёнро сахт меранҷонед. Дар ин давраи умр дар баробари кор кардан истироҳатро низ фаромӯш накунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *