Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Бе бригадир

Ба як иншооти сохтмонӣ тафтишгарон омада, аз коргарон мепурсанд:

– Дар ин сохтмон чанд кас кор мекунанд?

Як коргари сохтмон мегӯяд:

– Якҷоя бо бригадир понздаҳ нафар.

Тафтишгарон мепурсанд:

– Бе бригадир чанд нафар кор мекунед?

Коргар:

– Бе бригадир дар ин ҷо касе кор намекунад.

Котибаи бесавод

Сардор котибаи зеборо таъриф мекунад:

– Офарин, ҳамагӣ 2 ғалат кардаӣ!

Котиба:

– Раҳмат!

Сардор:

– Акнун калимаи дуюмро навис!

Корро ёд кардам

Субҳи рӯзи душанбе роҳбар аз кормандаш мепурсад:

– Чаро чашмонат сурханд. Ба фикрам 2 рӯз арақ нӯшидӣ?

Корманд:

– Не! Ман ҷои корро ёд карда, гиря кардам!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *