21ва 23 сол зиндонӣ шудани Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 6 октябр вакилони дифоъ Бузургмеҳр Ёровро ба 23 сол ва Нуриддин Маҳкамовро ба 21 соли зиндон маҳкум кард. Тибқи ҳукми додгоҳ ҳарду ҷазоро дар зиндони низомаш сангин адо хоҳанд кард.

Қироати ҳукми додгоҳи вакилон шоми 6 октябр баргузор шуд. Рустам Тақдирзода, айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 19 сентябр аз додгоҳ барои ин ду муттаҳам мутаносибан 25 ва 23 соли зиндонро талаб карда буд.

Ҳам Нуриддин Маҳкамов ва ҳам Бузургмеҳр Ёров дар суханронии охирони худ дар ҳафтаҳои гузашта иттиҳомоти воридаро рад карда қазияҳои худро дорои ангезаҳои сиёсӣ номидаанд. Дар остонаи содир шудани ҳукми додгоҳ чандин созмони мудофеи ҳуқуқи инсон ва вакилони дифоъ, инчунин ҳукуматҳои ИМА, Бритониё ва Human Rights Watch билофосила озод шудани вакилони дифоъро талаб карданд.

Ба иттилои вазорати корҳои дохилӣ, Бузургмеҳр Ёров дар ибтидо бо иттиҳоми “қаллобӣ» ва «сохтакории санадҳо» боздошт шуда буд. Мақомоти тафтишотӣ Бузургмеҳр Ёровро дар моҳи декабри соли гузашта боз ба се моддаи дигари кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ” муттаҳам донистанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки ин ду вакили дифоъ барои ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ боздошт ва муттаҳам шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *