Аҳтамро дар Русия мурдакӯб карданд

Шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон дар Санкт-Петербург аз сӯи як гурӯҳ афроди ношинос лату кӯб шудааст. Ба иттилои Раёсати умури дохилии Русия ин ҳодиса дар назди бинои 11-и кӯчаи Старообряд ба вуқуъ омада, ҷабрдида бо дасту пойи шикаста дар беморхона қарор дорад. Мақомот шахсияти ӯро аллакай муайян намуданд. Ҷавони зери мушту лагад қарор гирифта Аҳтам Шодиев, зодаи вилояти Суғд буда, бо дасту пойи шикаста ва сару рӯйи аз зарби мушту лагад дарида ба беморхонаи марказии шаҳри Москва интиқол дода шудааст. Ин ҷавони тоҷик дар ягон ҷо кор намекардааст ва сабаби шатта хӯрданаш маълум нест

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *