22 ҳазор доллари ИМА ҷаримаи мудири мактаб барои дастдарозӣ ба номус

Сокини 34-солаи шаҳраки Пертсевкаи вилояти Қустанайи Қазоқистон Анна Белоусова аз додгоҳ хост, ки Вазорати молияи Қазоқистон ба ӯ ҳамчун товони озори ҷинсӣ дар ҷойи кор 7 миллион танга ё 22 ҳазор доллари ИМА пардозад.

Анна Белоусова мегӯяд, мудири тозатаъйини мактабе, ки вай дар он ба ҳайси рахтбон ё «гардеробшитса» кор мекард, соли 2010 барояш шарт гузошт, ки танҳо пас аз ҳамхобагӣ қарордоди кори ӯро тамдид хоҳад кард. Ин дар ҳоле буд, ки Белоусова аз соли 1999 дар ин мактаб кор мекард.

Мудир шикояти озори ҷинсиро рад ва даъвогарро ба тамаъҷӯӣ ва пулрӯёнӣ айбдор кард. Додгоҳ дар соли 2011 шикоятро беасос ва мудирро бегуноҳ баровард. Вале пас аз даъвати Кумитаи Созмони Милал дар умури мубориза бо табъйизи занон қазия дигарбора доғ шуд.

Кумита аз ҳукумати Қазоқистон хост, ҳуқуқи поймолшудаи Белоусоваро барқарор кунад. Бо гузашти ду сол аз ин даъват ва беэътиноии ҳукумати Қазоқистон Анна Белоусова акнун Вазорати молияи Қазоқистонро ба додгоҳ кашонда, талаб дорад, ки товони азиятҳои ӯ пардохта шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *