22 хосияти давоии банан
Банан натанҳо меваи лазиз, балки барои саломатии инсон бисёр муфид аст. Имрӯз мо ба шумо дар бораи баъзе хусусиятҳои давоии банан маълумот медиҳем.
1. Хӯрдани банан барои шахсони ба депрессия гирифтор муфид аст.
2. Банан ягона мевае мебошад, ки ҳатто кӯдакон аз он аллергия надоранд.
3. Банан дар таркибаш калтсий дошта, мушакҳоро пурқувват мекунад.
4. Банан барои беҳтар кардани кори микрофлораи рӯдаҳо тавсия дода мешавад.
5. Барои қабзияти рӯда (запор) банан хеле фоидабахш аст.
6. Банан ба нафароне, ки тез-тез зардаҷӯш мешаванд, тавсия дода мешавад.
7. Банан барои табобати захми меъда (язва желудка) фоида дорад.
8. Барои манъ кардани дарунравӣ банан хӯрданро тавсия медиҳанд.
9. Дар таркиби банан калий зиёд буда, барои одамони ба варзиш алоқаманд манфиати бисёр дорад.
10. Банан ба кам кардани варами пой кумак мекунад.
11. Пеш аз машқи бадан як дона банан хӯред, нерӯи тоза мегиред.
12. Банан барои беҳтар шудани кори узвҳои ҳозима (улучшение пищеварения) манфиат дорад.
13. Ба заноне, ки ҳангоми ҳайз бо сабаби шамолхӯрии бачадон сахт дард мекашанд, дар ин рӯзҳо бештар банан хӯрдан тавсия дода мешавад.
14. Онҳое, ки ба бемории камхунӣ гирифторанд, бояд ҳар рӯз ақаллан якдонагӣ банан истеъмол кунанд, зеро он дар таркибаш оҳани зиёд дошта, бениҳоят фоидабахш аст.
15. Банан барои беморони қалб ва фишори хун фоидаовар аст.
16. Банан иммунитетро баланд мекунад.
17. Банан барои санги гурда ва намакро аз гурда хориҷ кардан фоида дорад.
18. Банан барои рафъи дилбеҳузурӣ, бахусус токсикози занони ҳомиладор тавсия дода мешавад.
19. Барои раҳоӣ аз хориш, баъди газидани ҳашаротҳо, аз ҷумла хомӯшак, пучоқи бананро муддати 10 дақиқа дар ҷойи ҳашарот газидагӣ баста монед.
20. Банан хосияти паст кардани ҳарорати баланди баданро дар ҳавои гарм дорад.
21. Одамоне, ки мехоҳанд одати бади сигоркаширо партоянд, бояд бештар банан истеъмол намоянд. Банан дар таркибаш калий ва магний дошта, хуморро рафъ месозад.
22. Банан интеллекти инсонро баланд мебардорад.
Дар охир таъкид карданием, ки ба беморони ба диабети канд мубтало хӯрдани банан қатъиян манъ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ