Исфара: Барои ҷалби сайёҳон тамоми имкониятҳо истифода мешаванд

Исфара яке аз шаҳрҳои пешрафта дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мардуми меҳнатқаринаш дар ҳама самтҳои ҳаёти ҷомеа бо талошҳои пайгирона баҳри ободонии назаррас саҳм мегузоранд. Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо қаноатмандӣ аз самимияту меҳнатдӯстии мардум изҳор медорад, ки “ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр, вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ сафарбар гардида, нишондиҳандаҳои асосӣ дар кулли соҳаҳои хоҷагии халқ таъмин карда шуда истодааст”.

Буҷет ва фазои сармоягузорӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба таъмини иҷрои нақшаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Ҳамин аст, ки дар семоҳаи аввали соли 2022 нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 104,0 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 43 млн 690 ҳазор сомонӣ ва ё 1 млн 657 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ ворид гардидааст. Мувофиқи таҳлилҳо дар ин давра воридоти буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ 35 млн 081 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки ба 104,0 фоизи нақша баробар аст.

Фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ ва таъмини рушди бахши хусусӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳисоб меравад. Ба 01.04.2022 шумораи соҳибкорони хурду миёна, ки аз қайди нозироти андоз гузаштаанд, 17251 ададро ташкил додаанд, аз он ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ 12369 адад, саноат 72 адад, сохтмон 32 адад, савдо 579 адад, соҳаи хизматрасонӣ 479 адад, хизмати молиявӣ 18 адад, нақлиёт ва алоқа 8 адад ва дигар сохторҳо 705 адад.

Аз шумораи умумии соҳибкорон 17051 ададашон соҳибкорони инфиродӣ буда, аксарияти онҳо (12310 нафар) дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд.

Саноат ва сохтмон

Дар давраи ҳисоботӣ маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ бо дарназардошти маҳсулоти сектори хусусӣ ва хизматрасониҳо 116 млн 210 ҳазор сомонӣ буда (128,3 фоиз), нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25 млн 612 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз тарафи 51 корхонаи дар қайди омор буда дар ин давра ба андозаи 71 млн 516 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки ба 179,8 фоизи таъмин гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31 млн 744 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра 24 ва ё 47,0 фоизи корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли маҳсулотро дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд намудаанд.

Дар давоми семоҳаи аввали соли 2022 аз шаҳри Исфара ҳамагӣ ба маблағи 5 млн 237 ҳазору 078 доллари амрикоӣ маҳсулот содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 3 млн 047 ҳазор 142  доллари амрикоӣ зиёд мебошад.

Ҳамзамон, ҷиҳати саривақт ва тибқи меъёрҳои муқарраршуда сохта ба истифода додани иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ аҳамияти хоса зоҳир карда мешавад. Дар давраи ҳисоботӣ маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 17103,1 ҳазор сомонӣ ва ҳаҷми корҳои бинокорию васлсозӣ 13508,0 ҳазор сомониро ташкил намудааст. Ҳаҷми корҳои пудратӣ ба маблағи 1340,3 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба андозаи 8846 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Рушди кишоварзӣ

Дар семоҳаи аввали соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 65330,6 ҳазор сомониро ташкил намуда, суръати афзоиши он 105,0 фоиз таъмин гардидааст.

Чорводорӣ дар шаҳри Исфара яке аз соҳаҳои асосии кишоварзӣ арзёбӣ гардида, чорводорон ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ дар давоми се моҳи соли 2022 мувофиқи хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ — 390,2 тонна гўшт, 1094,2 тонна шир, 77,8 ҳазор дона тухм истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 55,9 тонна гўшт, 243,4 тонна шир зиёд аст. Саршумори чорвои калони шохдор 5842 сар, аз он модагов 2006 сар, моли майдаи шохдор 6306 сар, паранда 32498 сар ва асп 71 сарро ташкил додааст.

Дар тирамоҳи соли 2021 барои ҳосили соли 2022 хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонии шаҳру деҳоти Исфара дар майдони 886,1 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронидаанд, ки аз он гандум 827,4 гектар, ҷав 19,66 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 39 гектарро ташкил медиҳад.

Ҳифзи тандурустӣ

Дар шаҳри Исфара ҳамагӣ 77 муассисаҳои тиббӣ фаъолият доранд, аз ҷумла 1 адад Беморхонаи марказии шаҳрӣ бо 777 кати табобатӣ, беморхонаи пўсту таносул бо 30 кат, 5 адад беморхонаҳои минтақавии деҳот бо 200 кат, Маркази мубориза бар зидди бемории сил бо 25 кат, Маркази наркологӣ бо 10 кат, 4 адад Маркази саломатии шаҳрӣ, 15 Маркази саломатии деҳот, 23 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 1 адад Маркази имуннопрофилактика, 1 адад Маркази ҳамбастагии бемориҳои кўдакона, 1 адад Маркази репродуктивии шаҳр, 5 адад нуқтаи ёрии таъҷилӣ, 1 адад Маркази ВНМО, 1 адад Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, 1 адад Маркази бемориҳои руҳӣ, 1 адад Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, 11 адад муассисаҳои хусусӣ барои аҳолии шаҳру деҳоти Исфара хизмати тиббӣ мерасонанд.

Шумораи мутахассисони соҳаи тандурустӣ 3561 нафарро ташкил медиҳад, аз он ҷумла мутахассисони дорои маълумоти олӣ дошта 430 нафар ва мутахассисони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ дошта 1789 нафар ва дигарон 1342 нафар мебошанд.

Барои пешрафти соҳаи тандурустӣ дар шаҳру деҳоти Исфара дар семоҳаи аввали соли 2022 аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1 млн 175 ҳазору 127,3 сомонӣ 2 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тамғаи “НИССАН” гирифта шудааст. Инчунин, якчанд шуъбаҳои беморхонаи марказӣ аз ҳисоби махсуси беморхона бо таҷҳизоти хозиразамони тиббӣ таъмин карда шудаанд.

Маориф, фарҳанг ва рушди сайёҳӣ

Дар шаҳри Исфара ҳамагӣ 88 муассисаи таълимӣ амал мекунад, ки аз он 1 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 1 мактаб-интернати махсус барои бачагони қувваи босираашон суст ва зарир, 1 мактаби ибтидоии хусусии «ТОРУАН» ва 1 муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Академияи Контакт Интернэшнл» мебошад. Инчунин, дар шаҳраки Шӯроб як хонаи бачагон амал намуда, тарбиятгирандагонаш дар МТМУ №11 таҳсил мекунанд. Дар 88 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 49911 нафар хонандагон, аз он ҷумла 24567 духтарон таҳсил доранд. Шумораи умумии омўзгорон 3178 нафар мебошанд. Дар 88 муассисаи таълимӣ ба ҳолати моҳҳои январ-апрели соли 2022 шумораи тахтаи электронӣ ба 72 адад ва компютерҳо ба 2220 адад расидаанд. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Исфара дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳо иштирок намуда, ба гирифтани 101 ҷойи ифтихорӣ мушарраф гардидаанд. 

Дар шаҳр 32 муассисаҳои томактабӣ бо фарогирии 2990 кўдак фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои мазкур 194 мураббӣ, аз ҷумла, 66 нафар бо таҳсилоти олӣ, 10 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 118 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбӣ ба таълиму тарбия машғуланд.

Дар назди 49 муассисаи таҳсилоти умумӣ 70 гуруҳи маркази инкишофи кўдак бо фарогирии 1537 кўдак таъсис дода шудааст.

Дар шаҳру деҳоти Исфара 45 муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла 22 китобхонаҳо бо 180497 адад махзани китобӣ, 5 мактаби санъат бо 738 нафар хонандагон аз рўйи 18 намуди ихтисос, 3 осорхона бо 4013 адад нигораҳои таърихӣ ва 155 адад ёдгориҳои таърихӣ, 14 муассисаҳои клубӣ, 1 театри халқӣ, 1 муассисаи давлатии боғи фарҳанг ва фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ мавҷуд аст.

Дар давраи ҳисоботӣ муассисаҳои фарҳангии шаҳр 349 чорабинии оммавии фарҳангӣ ва сиёсӣ гузаронидаанд, ки дар онҳо 6697 нафар иштирок кардаанд.

Давоми се моҳи соли ҷорӣ аз шаҳру деҳоти Исфара 5654 нафар сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ дидан намудаанд, ки аз ин теъдод 35 нафар сайёҳони хориҷӣ мебошанд.

Дар шаҳру деҳоти Исфара 3 осорхонаи таърихӣ, 5 хонаосорхона, 164 ёдгории таърихӣ, беш 50 мавзеи сайёҳию фароғатӣ ва Осоишгоҳи «Зумрад» ҷойгир шудааст, ки ҳамарӯза сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз ин маконҳо дидан менамоянд. Дар маркази шаҳр боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ, маҷмааи фароғатии «Ҷаҳони нав» амал намуда, баҳри болидахотирии сайёҳон ва сокинони шаҳру деҳоти Исфара дар ин боғҳои фарҳангию фароғатӣ барномаҳои фарҳангӣ тариқи ройгон пешкаш карда мешаванд.

Баҳри рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои нақлиётӣ хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил карда шудаанд, ки тавассути онҳо сайёҳон аз ҷойҳои таърихии Исфара, аз қабили «Лангари Моҳиён» «Ҳазрати Шоҳ», «Тангии сурх», «Шимурғон-бобо», «Қалъаи Сурх», «Мадрасаи Абдуллохон» дидан мекунанд. Таваҷҷуҳи асосии сайёҳон ба сайёҳии солимгардонӣ ва табобатӣ, пиёдагардӣ, агросайёҳӣ, саноатӣ, велотуризм ва мототуризм равона карда шудааст.

Бино ба гуфтаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ҳамзамон, “китоби «Роҳнамои сайёҳ» бо забони русӣ чоп ва паҳн карда шуда истодааст. Тавассути сомонаҳои интернет, хосатан дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» гуруҳи рушди сайёҳии Исфара таъсис дода шудааст, ки тавассути он хабару навгониҳои Исфара ва минтақа вобаста ба рушди сайёҳӣ ҳар рӯз нашр карда мешавад”.

— Тамоми имкониятҳои мавҷударо барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр, ободу зебо гардонидани диёру ҷалби сайёҳон ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум истифода мебарем,- мегӯяд раиси шаҳр.

Бобоҷони НЕЪМАТУЛЛО

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *