Дар Хатлон барои нобуд кардани малахи марокашӣ ситод ташкил шуд

Мубориза бар зидди малах дар талу теппаҳои вилояти Хатлон идома дорад. Малах ҳашароти зараррасон буда, асосан ба зироати кишоварзӣ осеб мерасонад.

Дирӯз, 30 апрел Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ва Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии мамлакат аз мавзеъҳои хурӯҷи малах дар талу теппаҳои шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Панҷ ва Левакант дидан карда, бо роҳҳои пешгирӣ аз паҳншавӣ ва нест кардани ин ҳашарати зиёновар шинос шуданд.

Ҳоло дар замину чарогоҳҳои ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Панҷ  ва шаҳри Левакант марҳилаи дуюми безарарсозӣ идома дорад.

Бояд гуфт, ки корҳои кимиёвӣ бар зидди малахи марокашӣ аз моҳи март оғоз шуда, се марҳиларо дар бар мегирад.

Бо сабаби тағйирёбии иқлим имсол дар ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон — Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Шаҳритус ва ахиран ноҳияи Қубодиён, хуруҷи малахи марокашӣ мушоҳида гардид.

Мутахассисон мегӯянд, малахи марокашӣ асосан дар минтақаҳои барои гузаронидани коркардҳои кимиёӣ дастнорас тухм мегузорад ва давра ба давра аз доманакӯҳҳо ба водиҳо меравад.

Ҳоло ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии малахи марокашӣ дар вилояти Хатлон ситоди мухсус ташкил шудааст.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *