Русия 643 шаҳрванди Тоҷикистонро депорт кард

Русия дар давоми 4 рӯз охир қариб 650 шаҳрвандони Тоsикистонро «депорт» кардааст.

Гуфта мешавад, ки аз 26 то 30-юми апрели соли равон аз 3 ҳазору 101 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба фурудгоҳи Внуково ворид шуда буданд, 643 нафарашонро мақомоти Русия баъди боздошти чандрӯза бидуни шароити мувофиқ ихроҷ кардаанд.

Дар ин бора «Азия-Плюс»  дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.

Ғайр аз ин, нисбат ба 117 шаҳрванди дигари Тоҷикистон қарори ихроҷ аз қаламрави Русия қабул шудааст.

«Ҳоло низ шаҳрвандон дар боздоштгоҳҳои муваққатии фурудгоҳи Внуково дар шароити ғайриинсонӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва мунтазири интиқол ба Ватан ҳастанд», — иттилоъ додааст манбаъ.

Чунин вазъияти душвор дар фурудгоҳҳои Шереметево, Жуковский ва Домодедово низ мушоҳида мешавад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бори дигар ба таври қатъӣ ба шаҳрвандони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ҳоли ҳозир аз сафар ба қаламрави Русия худдорӣ кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *