Бо руҳи харобу ҷисми лоғар…

Дӯсти азизам, устоди Донишгоҳи Ҳамадон, доктор Алии Муҳаммадӣ, шоир ва достоннависи соҳибном ва мавлоношинос рӯзе аз тариқи телефон аз ман пурсид: Устод фулонӣ, бароям кумак кун. Ё ман намефаҳмам, ё ин нафар, ки аз Тоҷикистон ба ман нома навишта, маро бо кудом далеле тавҳин мекунад?”. Гуфтам чӣ тур? Гуфт навишта, ки шумо бисёр хароб ҳастед, бояд фарбеҳ шавед. Ман хандидам ва ба ҳамон оҳанге, ки аз ман пурсид, ба ӯ гуфтам: “Чӣ бояд кард, шумо ки вожаи музахрафи “чоқ”-ро ё “тупол”-ро ба ҷойи фарбеҳ ба кор мебаред, ба мо ҳам иҷоза диҳед ба бархе аз вожаҳо маъонии нав диҳем”.

Дӯстам чун дарёфт, ки мурод аз хароб дар бархе аз лаҳҷаҳои Тоҷикистон маънои лоғарро дорад, дигар ором шуд ва тааҷҷуб кард, ки чаро мо “хароб” мегӯем. Ман ӯро дарк мекунам, зеро ошиқи Тоҷикистон аст ва мисли даҳҳо фарҳангиёни дигари Эрон ва Афғонистон, ки моро ҳамтабору ҳамзабону ҳамкешу ҳамхуни хеш медонанд, орзуи дидор аз меҳани ҳамтаборони худ мекунанд, ки замоне дар як кишвари воҳид умр ба сар мебурдаем, дар масоили забону таърихи ҳувияти муштаракамон ҳассос ҳастанд. Чунонки банда ҳам дар ин масъалаҳо ҳассосам ва гоҳе дар мавриди нодуруст ба кор бурдани ин ё он вожа ошкоро изҳори назар мекунам. Ва борҳо шудааст, ки дар суханрониҳоям бархе аз масоили забони порсии эрони кунуниро, ба вежа “арабзадагиҳо”-и эшонро нақд кардаам… Вале ҳоло баргардем ба сари вожаи “хароб”. Устод Муҳаммад Муъин, ки фарҳангаш аз беҳтарин фарҳангҳои забони форсӣ аст, вожаи “хароб”-ро вайрон, вайронӣ ва сиёҳмаст шарҳ кардааст. Дар фарҳангҳои дигар низ вожаи “хароб”тақрибан ба ҳамин маъно омадааст.

Вайрона, яъне маҳали харобшуда аст. Вайрон, яъне муқобили обод ва вайрона муқобили ободӣ аст. Ва ин нуктаро ҳама луғатномаҳо таъйид мекунанд. Дар адабиёти куҳансоли мо низ харобро ба ҳамин маънӣ ба кор мебаранд. Чунончи Сӯзанӣ гӯяд:

Хароби олами мо ҷуғдвор ин на аҷаб,

Аҷаб аз он ки намонад ҷуғдро ба хароб.

Ё Низомии Ганҷавӣ гӯяд:

Зон биҳиштам бадин хароб афканд,

Гум шуд аз ман чу рӯз гашт баланд.

Дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” (соли 1969, ҷ. 2. саҳ. 465) маънии вожаи “хароб”-ро 1. вайрон, 2. валангор, 3. табоҳ, 4. муқобили обод овардаанд. Ва шавоҳиде овардаанд ба шарҳи зайл:

Басе шаҳр бинӣ ба Эрон хароб,

Табаҳ гашта аз ранҷи Афросиёб.

Фирдавсӣ

“Агар шаққе ё сӯрохе буда бошад, чунон маҳкам карданд, ки ҳаргиз хароб нашавад”.

(Носири Хусрав)

Гаҳ дасти ишқ ҷомаи сабрам кунад қабо,

Гаҳ оби чашм хонаи зорам кунад хароб.

Анварӣ

Ҳамчунин муаллифони ҳамин фарҳанг маънои дуюми вожаи “хароб”-ро беҳол, шалпар, лоғар овардаанд. Ва байти зеринро аз Мавлоно шоҳид овардаанд:

Бар сарат нон асту поят андар об,

В аз аташ, в-аз ҷӯъ гаштастӣ хароб.

Аммо пеш аз он ки дар мавриди маънои вожаи “хароб” дар ин ҷо баҳс кунем, ба назарам як нуктаи муҳимро лозим аст ёдовар шавам. Ҳарчанд ин байтро чун моли Мавлоно овардаанд, ман дар “Маснавӣ” пайдо накардам. Ин ҷо ҳарчанд маънии байт бо андешаҳои Мавлоно дар тазод нест, аммо ба назар мерасад, ки моли Мавлоно ҳам нест. Ҳадди ақал дар нашрҳои муътабари осори Мавлоно пайдо накардем, лек аз назари маъонӣ ва мазмун дидгоҳи Мавлоност. Ва ба ғайр аз Мавлоно ҳамоҳанг бо андешаҳои ирфонии ниёкони мост.

Чунонки Мавлоно мефармояд:

Як сабад пурнон туро бар фарқи сар,

Ту ҳамехоҳӣ лаби нон дар ба дар.

Ё ки дар ҷойи дигар мегӯяд:

Об кам ҷӯ, ташнагӣ овар ба даст,

То биҷӯшад обат аз болову паст.

Бад ин рӯй сухани аслӣ дар ин мафҳум аст, ки мардум гавҳари ҳақиқатро, ки ҳамроҳашон аст, гум карда, беруни хеш, дунболи ҳақиқат мегарданд. Чунонки Ҳофизи малакутӣ гӯяд:

Бедиле дар ҳама аҳвол Худо бо ӯ буд,

Ӯ намедидашу аз дур Худоё мекард.

Яъне гавҳарро дар худ ҷустан аст!

Аммо дар хусуси вожаи “хароб”, чунонки арз кардам, ин ҷо ба маънои вайрон шудан, фурӯ рехтан ва парешону афсурда ва саргардон омадааст. Дар ин байти мансуб ба Мавлоно маъно ин аст: яъне ту дар талаби ҳамон обу ҳамон гавҳари ҳақиқат, саргардон ва беқарор шудаӣ. Хароб шудан ин ҷо ба маънои саргардонӣ ва берун омадан аз ҷамъият (хотирҷамъӣ!) аст. Аммо боз таъкид мекунам, ки ман ин байтро дар “Маснавӣ” наёфтам. Намедонам кудом нусхаи “Маснавӣ” онро ба Мавлоно мансуб кардааст? Агарчи фикраш мавлавиёна аст! Ҳадс мезанам, ки вожаи “хароб” дар ин маврид низ ҳеч қаробате ба вожаи лоғар надорад, ки бархе гумон кардаанд.

Пайдост, ки дар байти маъруфи Ҳофиз, ки мегӯяд:

Салоҳи кор куҷову мани хароб куҷо,

Бубин тафовути раҳ аз куҷост то б(а) куҷо,

ҳаргиз сухан аз “хароби тоҷикӣ”, яъне лоғарӣ нест. Ин ҷо ҳам маънои маҷозӣ аст. Яъне мане, ки “ринду девонаву мастам”…

Бастагӣ ба он дорад, ки гӯянда то куҷо суханвар ва суханшинос аст, ки тавонад дар мавридҳои мухталиф ва бо аҳдофи гуногун маънии дилхоҳро бирасонад. Зеро сухан метавонад дилҳорову мағзҳоро обод ҳам бикунад ва хароб ҳам бисозад. Ва ҳеч неруе қавитар аз неруи сухан нест! Чунонки Хоқонӣ мефармояд:

Ба сухан дар хароб ганҷ ниҳад,

Ба сухан ганҷро хароб кунад.

Ё шайх Саъдӣ гӯяд:

Оташ биёру хирмани озодагон бисӯз,

То подшаҳи хироҷ нахоҳад харобро.

Ва мақоле ҳам ҳаст, ки гӯянд: «Харобро хироҷ набошад!…». Тани харобу руҳи харобу дили харобу зоҳиру ботини хароб, ки дар забони мо ба кор мебаранд, ҳеч нисбате ба лоғарӣ надорад ва бештар маънои маҷозӣ дорад. Масалан, Кисоӣ гӯяд:

Маро гуфт бигир ину бизӣ хурраму дилшод,

Вагар танат хароб аст, бадин май кунаш обод.

Яъне манзур аз харобӣ ҳамон вайронӣ ва харобии ботин аст, на зоҳири ҷисм!

Вожаи “хароб”, ки бо тобишҳои маъноии гуногун, борҳо дар “Шоҳнома” такрор шуда, аз вожаҳои муҳим ва сермаъност, бад-он маъно, ки Фирдавсӣ тавонистааст дар ҷойҳои мухталифи шоҳкори безаволи худ ба кор бибарад.

Чунончи дар байтҳои зер:

Чаро ғам хӯрам зин ҷаҳони хароб,

Даме хуш барорам зи ҷоми шароб.

Дар ҷойи дигар гӯяд:

Бадӯ дар нишинад нагардад хароб,

Зи борону аз барфу аз офтоб.

Ҳамчунин, аз вожаи “хароб” ниёкони мо вожаҳои дигаре сохтаанд, амсоли хонаобод, хонахароб, харобазор, харобандарун, харобободи гетӣ, ки ҳар кудом маъоние дорад. Вожаи «харобот», ки дар адабиёти ирфонии мо бисёр ба кор рафтааст, маънои майкадаро дорад. Чунончи Носири Хусрав мефармояд:

Эй супурда инони дил ба хато,

Танат ободу дил харобу ҷон бе об.

Ва ё дар ҷойи дигаре гӯяд:

Тарсам ки зери пойи замонаи харобгар,

Он боғҳо хароб шаваду он хонаҳо талол.

Дар адабиёти мо вожаи “хароб” ба маънои масти лояқил, яъне бехуд аз шароб ва масти маст низ омадааст. Чунончи дар байтҳои зер:

Худованди мо гашта масти хароб,

Гирифта ду бозуи ӯ чокарон.

(Манучеҳрӣ)

Вожаи “хароб” дар рубоиёти Хайём низ бисёр ба кор рафта. Чунончи:

Донӣ, ки ҷаҳон рӯ ба харобӣ дорад,

Ту низ шабу рӯз ҳамебошӣ хароб.

«Хароб» маъонии дигар низ дорад, амсоли шикаста, тороҷшуда, мавриди ҳамла воқеъшуда, поймолшуда, нобудшуда, фосидшуда ва ғайра… Дар адабиёти мо вожаи “хароб” ба ҳамаи ин маъноҳо омадааст, ки дар ин ҷо аз овардани намунаҳо худдорӣ мекунем.

Маънои вожаи “лоғар” дар луғатномаҳо ба маънои борик, борикандом, камҷусса, нозук омадааст, ки ҳамин калимаро бархе ба фаромӯшӣ додаву вожаи “хароб”-ро ҷойгузин намуда, забонро хароб кардаанд. Ҳарчанд аз даврони кӯдакӣ мо байти Саъдиро медонистем:

Аспи лоғармиён ба кор ояд

Рӯзи майдон, на гови парворӣ.

Лоғар, яъне муқобили фарбеҳ!

Ё худованди сухан Фирдавсӣ гӯяд:

Ҳамаш рангу бӯю ҳамаш қадду шох

Саворе миёнлоғару бар фарох.

Чу сармо бувад, сахт лоғар шаванд,

Ба овоз гӯйи кабӯтар шаванд.

Ҷуди лоғаргашта аз дасташ ҳаме фарбеҳ шавад,

Бухли фарбеҳгашта аз ҷудаш ҳаме лоғар шавад.

(Фаррухӣ)

Эй бародар, кӯҳ дорам дар ҷигар,

Чун шавӣ ғарра, ки шахси лоғарам.

(Носири Хусрав)

Таркибҳои нозукбадан, лоғарчеҳра, лоғармиён, камарборик ва ғайра аз ҳамин сифоте аст, ки ба лоғарандомон нисбат додаанд.

Хулоса, ин вожаи “хароб” дар дарознои садсолаҳо бисёр ба кор рафта ва маонии мухталиф дошта, вале дар ҳеч ҷо надидам, ки ба маъное, ки имрӯз наберагони Рӯдакию Шаҳиди Балхӣ, Буалии Синои Бухороию Сайфи Исфарангӣ, Бадри Чочию Сайфи Фарғонӣ, Сӯзании Самарқандию Адиб Собири Тирмизӣ, Сайидои Насафию Шавкати Бухороию… ва садҳои дигар ба кор мебаранд, яъне ба маънии лоғар ба кор бурда бошанд. Пас мушкили бедиққатии мост, ки талоше накардем, то сиёҳро сиёҳу сафедро сафед гӯем… Ва иддаъоҳои пуч ҳам бикунем, ки агар тоҷики он сӯйи дарё нафаҳмад, пас забони мо дигар аст!!! Чӣ гуна ба ёди Бобо Тоҳир наафтам, ки маро ба оромӣ мехонд: Чӣ мехоҳӣ аз ин ҳоли харобам… Чизе намехоҳам! Аммо вазифаи инсонӣ ва виҷдонии хеш медонам, ки ин гуна дардҳоро бигӯям, шояд ҳанӯз касоне бошанд, ки фардои ин қавми муаззам барояшон бетафовут набошад.

Сафар АБДУЛЛОҲ,

профессор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *