Сенсатсия! Саидмурод Давлатов: боздошт ё фейк?
Саидмурод Давлатов – соҳибкори муваффақ, илҳомбахши ҳазорҳо соҳибкорони ҷавон ва шахсе, ки саҳми бузурге дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон гузоштааст. Номи ӯ бо муваффақият ва дастовардҳо пайваст аст, ки борҳо дар васоити ахбори гуногун, аз ҷумла Pressa.tj ва рӯзномаи «Тоҷикистон» дар борааш мақолаю мусощибаҳо омода карда шудааст. шудааст. Мо шахсан Саидмуродро ба канали Pressa.tj даъват кард карда будем, ки дар он назари худ бизнес баён ва аз дастовардҳояш нақл кунад. Аммо дар рӯзҳои охир интернет пур аз овозаҳо шуд: гӯё Саидмуродро мақомот боздошт кардаанд.
Ҳазорон мухлисонаш аз ин ҳодисаи пуровоза бетафовут намонданд. Ба мо, Pressa.tj, зангҳои зиёд ворид шуданд, ки пурсида мешуд, ки воқеан чӣ ҳодиса рӯй додааст. Ҳатто хабарҳо пайдо шуданд, ки гӯё Бонки миллии Тоҷикистон аз болои соҳибкор даъвои судӣ кардааст. Ин овозаҳо бештар ва бештар паҳн мешуданд. Барои равшан кардани вазъият, мо тасмим гирифтем, ки ҳақиқатро муайян кунем.
Аввалин коре, ки мо анҷом додем, кӯшиши тамос бо наздикон ва ҳамкорони Саидмурод буд. Мутаассифона, телефонҳои онҳо хомӯш буданд. Дар ин лаҳза, вазъият боз ҳам бештар муаммоангез мешуд. Оё ин овозаҳо ҳақиқат доранд? Сипас мо кӯшиши тамос бо худи Саидмуродро кардем. Ва инак, сенсатсия: ӯ ба занги мо ҷавоб дод!
Ба саволи ҳайратангези мо, ки чӣ тавр ба ӯ дар зиндон истифодаи телефонро иҷозат доданд, Саидмурод бо ханда ҷавоб дод: «Кадом зиндон? Ман дар истироҳат дар Анталия ҳастам!» Албатта, мо ба суханҳои ӯ бовар накардем ва далел пурсидем. Вақте ки ӯ видеозангро фаъол кард, ба мо офтоби дурахшон ва соҳили Туркияро нишон дод. Барои итминони комил мо хоҳиш кардем, ки ӯ акси худро фиристад — ва бале, он акси тасдиқкунанда буд.
Бо ин, овозаҳо дар бораи боздошти ӯ расман рад карда мешаванд. Саидмурод Давлатов сиҳатманд аст ва аз истироҳати сазовори худ лаззат мебарад. Ӯ ҳамоно манбаи илҳом барои ҳазорон соҳибкорони ҷавон боқӣ мемонад, ки бо роҳбарии ӯ тиҷорати худро рушд медиҳанд ва андозҳоро ба манфиати ҷумҳурӣ месупоранд.
Ҳамин тавр, мухлисон метавонанд ором бошанд: ҳеҷ гуна боздошт набуд, Саидмурод Давлатов дар Анталия, дар соҳили баҳр истироҳат дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ