23сол барои заминфурӯшӣ

Суди ноҳияи Рӯдакӣ ду сокини ин ноҳияро дар фурӯши замин, сохтакории ҳуҷҷат ва қаллобӣ гунахгор  шинохта, онҳоро дар маҷмӯъ барои 23 сол равонаи зиндон кардааст.

Бино ба иттилои Прокуратураи генералии   Тоҷикистон, бо ҳукми суд  Бабаханов С. 13 сол ва Баротов Ш. 10 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд. Ба иттилои манбаъ, Бабаханов ва Баротов давоми ду сол дар 5 ҳолат бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандон даромада, барои онҳо аз заминҳои корами обии хоҷагии деҳқонии “Мусо”-и ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ барои сохтмони манзил қитъаи замин ҷудо кардаанд.

Ин  ду нафар бар ивази заминҳои ҷудокарда, ки маъмулан аз 3 то 7 садякро ташкил додааст, дар маҷмӯъ 29000 ҳазор доллар гирифтаанд. Манбаъ меафзояд, маҳкумшудаҳо ҳамчунин бо роҳи сохтакорӣ қарори раиси ҷамоати деҳоти “Оқ-қурғон”-и ноҳияи Рӯдакӣ барои ба Яхшибеков Ф.С. вобаста намудани 3 сотих қитъаи заминро омода намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *