Мотами миллӣ дар Қирғизистон  

 

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки рӯзи якшанбе ҷасади се қурбонии ярч, аз ҷумла Мадина Ҳабибуллоеваи дусоларо аз зери тӯдаҳои хок дар ҷамоати Заргари вилояти Ӯш берун оварданд.

Ҷустуҷӯи ҷасади 21 нафари дигар ҳанӯз идома дорад.

Аммо мақомот мегӯянд, бориши барфу борон амалиётро кунд карда ва ҳатто барои як муддат боздоштааст.​ Дайирбек Каримов, масъули Идораи ҳолатҳои изтирории вилояти Ӯш, гуфтааст,ки  ҳатто ин пешниҳод садо медиҳад, ки ҷустуҷӯ пурра қатъ ва маҳалли ҳодиса ба қабристон табдил шавад. “Ҳоло бо хешутабори ҳалокшудаҳо дар ин бора ҳам гуфтугӯ дорем. Агар ризо шаванд, ин масъаларо расман баррасӣ хоҳем кард”, — афзуд Дайирбек Каримов.

Бо қарори президенти  Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи якшанбе дар ин кишвар мотами миллӣ эълон шуда, пахши ҳамагуна барномаи шоду тафреҳии телевизионҳои давлатӣ мутаваққиф гардида буд.Бар асари фаромадани ярч дар рустои Аюуи ҷамоати Заргари вилояти Ӯши Қирғизистон 24 узви шаш хонавода, аз ҷумла нуҳ кӯдак, зери хок монданд. Мақомот гуфтанд, ки ин ҳодиса субҳи барвақти 29 апрел рух додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *