2,5 ҳазор нафар аҳолии Тоҷикистонро мепурсанд

Дар Тоҷикистон тадқиқоти нав оид ба муайян кардани афзалиятҳои расонавии сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.

Тадқиқоти мазкур пурсиши зиёда аз 2,5 ҳазор аҳолии кишварро пешбинӣ мекунад. Аз натиҷаҳои тадқиқот маълум мешавад, ки сокинони кишвар кадом шабакаҳои телевизиониро мебинанд, кадом радиоро мешунаванд ва кадом рӯзномаю маҷаллаҳоро  мехонанд.

Чӣ тавре ки Набӣ Юсупов — директори ТҶ “Машварати расонавӣ” ба Pressa.tj   хабар дод, ғайр аз бартариятҳо ба расонаҳои анъанавӣ, тадқиқот инчунин интихоби аҳолӣ дар нисбати шаклҳои нави расонидани иттилоъ тавассути абзорҳои интернетӣ — сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ва почтаи электрониро низ  муайян хоҳад кард.

Ба гуфтаи созмондиҳандагони тадқиқот, тавассути муайян кардани симои корбари фаъоли воситаҳои мухобироти оммавӣ, тадқиқот метавонад якбора ба се ҳадаф ноил шавад. Якум, аудиторияи истеъмолкунандагон ва сатҳи истифодаи ВАО-ро муайян кунад. Дуввум, ба расонаҳои ватанӣ барои беҳтар сохтани муҳтаво кумак намояд. Сеюм, ба манбаъҳои ахбор дар муайян кардани воситаҳои муассиртарин барои паҳн кардани маҳсулоти иттилоотӣ, ки мустақиман ба аудиторияи мақсадноки онҳо нигаронида шудаанд, ёрӣ расонад.

Тадқиқоти афзалиятҳои расонавии аҳолии Тоҷикистон лоиҳаи ташкилоти ҷамъиятии “Машварати расонавӣ” аст, ки дар шарикӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало” роҳандозӣ мегардад. Дастгирии молиявии ин лоиҳа аз ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон сурат мегирад.

Тавре ки Набӣ Юсупов қайд кард, тадқиқоти мазкур бори сеюм гузаронида мешавад ва онро бидуни дастгирии Вазорати фарҳанг ва Маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало” баргузор кардан мушкил буд. “Барои ҷилавгирӣ аз бархӯрди манфиатҳо мо дидаву дониста  ба идораҳои дахлдори давлатӣ муроҷиат накардем, — мегӯяд Н.Юсупов.

Тадқиқоти мазкур бори сеюм гузаронда мешавад. Боиси зикр аст, ки дар тадқикоти соли 2019 се ҳафтаномаи медиа-холдинги “Оила” – «Тоҷикистон», «Оила» ва «Рекламная газета», дар байни ВАО-и чопии мустақил ҷойҳои аввалро ишғол кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *