Ҷалби таваҷҷӯҳи ҷаҳониён ба мушкилоти мардуми афғон

19-уми декабри соли 2021 дар Исломобод ҷаласаи 17-уми ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Исломӣ баргузор гардид. Дар кори ин ҳамоиш ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ширкат варзид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, нишасти 17-уми ғайринавбатӣ ба мақсади ҳалли бӯҳрони башарӣ дар Афғонистон ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба мушкилиҳои мардуми азияткашидаи ин кишвар, ки зери хатари гуруснагӣ қарор доранд, даъват гардидаааст.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур суханронӣ намуда, мавқеи Тоҷикистонро нисбат ба вазъи кунунии Афғонистон инъикос намуда, ҷиҳати пешгирӣ аз авҷ гирифтани бӯҳрони башардӯстона дар ин кишвар ибрози назар кардааст.

— Ҳайатҳо аз Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва як қатор давлатҳои ғайриузв, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Фаронса, Чин, Русия, Олмон, Италия, Ҷопон дар иҷлосия ба ҳайси меҳмонони вижа ширкат карданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *