25 нафар аз Тоҷикистон ба Фуҷоу рафтанд
Як ҳайати бонуфузи Тоҷикистон иборат аз 25 нафар баҳри иштирок дар семинар оид ба идоракунӣ, рушд ва ҳамкорӣ дар соҳаи туризм ба Ҷумҳурии мардумии Чин сафар кардаанд.
Ин семинари омӯзишӣ аз 9-уми август дар шаҳри Фуҷоу оғоз гардида, то 29-уми августи соли 2018 идома меёбад ва он фарогири табодули таҷриба, рушд ва ҳамкорӣ дар бахшҳои туризми Тоҷикистону Чин мебошад.
Дар ҳайати 25- нафара намояндаҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, ноҳияҳои Варзоб, Сангвор, Файзобод, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат шомил мебошанд.
Аз рӯйи маълумоти дастрасшуда, дар ин семинар аз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Насимҷон Ойев иштирок дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ