Дар Душанбе мизи мудаввар дар мавзуи «Истиқлолият ва рушди фарҳанги миллӣ» баргузор гардид

Санаи 24 августи соли ҷорӣ бахшида ба ифтихори 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар бинои Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот мизи мудаввар дар мавзуи «Истиқлолият ва рушди фарҳанги миллӣ» баргузор гардид. Конфиренсияро директори ПИТФИ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода ифтитоҳ намуданд. Дар оғози конфиренсия мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Фарида Алиева маърӯза намуданд.

Дар рафти мизи мудаввар доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродӣ дар мавзуи «Рушди матбуоти миллӣ дар замони истиқлол», номзади илмҳои таърих Абубакр Зубайдов дар мавзуи «Санъати мусиқии тоҷик ва рушди он дар даврони истиқлол», номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимов дар мавзуи «Таҳқиқи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик дар даврони истиқлол» маърӯза ва суханронӣ намуда, мубодилаи афкор карданд.

Мизи мудаввар бо намоиши китобҳои тозанашр таҳти унвони «Истиқлолияти фарҳангӣ — омили устувори рушди давлатдории миллӣ» хотима ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *