Вазорати маориф

260 ҳазор нафар ба синфи 1-ум мераванд

Соли равон тақрибан 260 ҳазор нафар бори нахуст қадам ба остонаи мактаб мегузоранд.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта бештар аст. Соли хониши гузашта зиёда аз 200 ҳазор кӯдак ба синфи 1-ум рафта буданд.

Бино ба маълумоти вазорат, ҳоло дар ҷумҳурӣ 3 ҳазору 967 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 126 ҳазору 354 нафар омӯзгорон машғули коранд. Миёни онҳо 81 ҳазору 822 нафарашон занон мебошанд. Теъдоди умумии хонандагон ба 2 млн 232 ҳазору 114 нафар расида, 1 млн 79 ҳазору 197 нафарашон духтаронанд.

Қобили зикр аст, ки дар соли хониши нав дар саросари Тоҷикистон 312 бинои нави мактабу кӯдакистонҳо ба истифода дода мешавад. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 4344 хонанда дар як баст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *