Наврасони Тоҷикистон ғолиби чемпионат шуданд

Дастаи наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов дар мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни бозигарони то 17-сола аз 5 кишвари узв ғолиб омад.

Дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Ҳисор баргузор шуд, наврасони футболбози Тоҷикистон, Ўзбекистон, Эрон, Афғонистон ва Қирғизистон ширкат карданд.

Дастаи наврасони Тоҷикистон дар чемпионати CAFA-2023 чор бозӣ анҷом дода, 9 имтиёз ба даст овард. Наврасони мо бар дастаҳои Афғонистон (3:1), Қирғизистон (4:1) ва Ўзбекистон (2:0) ғалаба карда, аз мунтахаби Эрон (0:1) мағуб шуданд.

Дастаи мунтахаби Ўзбекистон низ 9 имтиёз ба даст овард, аммо ба далели пирўзӣ дар вохўрии байниҳамӣ наврасони Тоҷикистон соҳиби медалҳои тилло гардиданд. Дастаи Ўзбекистон медали нуқра ва тими Афғонистон (6 имтиёз) нишони биринҷӣ ба даст оварданд.

Ҷоизаи «Fair Play» ба дастаи Тоҷикистон ва ҷоизаи махсус ба наврасони Эрон супурда шуд. Беҳтарин нишонзани мусобиқот бозигари дастаи мунтахаби Ўзбекистон Нурбек Сарсенбоев (3 гол) гардид. Ҳамлагари дастаи Тоҷикистон Муҳаммад Назриев боманфиаттарин бозигари чемпионати CAFA-2023 эътироф карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *