Мӯи сӯхтаи хирс фиреби муҳоҷирон ё фанди Тоҷикистон?

 

Ҳанӯз қабал аз сафари Путин ба Тоҷикистон дар мавриди афв шудани шаҳрвандони аз Русия рондашуда сару садоҳо зиёд буданд.”Акаи бузург моро афв мекунад” мегуфтанд онҳое, ки мамнуъулвуруди ин кишвар шуда буданд. Инак, “акаи бузург” ба Душанбе омад ва баъд аз мулоқот бо роҳбарони сатҳи аввал ба як санаде ҳам имзо гузошт ва мазмуни он чунин буд: “Минбаъд тоҷикистониёне,ки бо сабабҳои ночиз аз кишвари ормонҳои худ-Русия ронда шудаанд, метавонанд дар давоми як моҳ буду боши худро қонунӣ кунанд ва оромона ба меҳнати сангини худ идома диҳанд”.  Барои қонунигардонии асноди шахси ғайрилегалӣ будубошкунанда ва ё рондашуда ҳамагӣ аз 25 март то 24 апрел вақт муайян карда шуда буд. Ҳарчанд ин санад ба онҳое, ки тариқи суд аз Русия ронда шудаанд, дахл надошт, вале боз ҳам бисёриҳо хурсанд шуданд. “Аз хирс мӯе” гуфтаанд, ба ҳаминаш ҳам шукр кардан лозим” мегуфтанд онҳо. Чунин вақти кӯтоҳ ва маҳдудияти реабилитатсия имкони истифода аз ин “илтифот”-и Путинро ба аксари умедворон дастнорас гардонид. Қабл аз оғози маъракаи “афв” коршиносон мегуфтанд, ки шояд аз ин имконият ҳамагӣ то 30 фисади рондашудагон истифода бурда тавонанд. Аммо ҳоло, ки ин муҳлат ба охир расидааст, бо эътимоди тамом метавон гуфт, ки  танҳо 3% ё каме бештр аз он муҳоҷирон аз ин “афв” истифода бурда тавонистанду халос. Вале мо натавонистем аз ҷумлаи ҳамин 3% ҳам нафареро пайдо кунем,ки аз он истифода бурда бошад. Баръакс, шумораи онҳое, ки фирефтаи ин “афв” шуда, худро ба мақомоти муҳоҷирати Русия муаррифӣ карданд ва баъд аз ин гунаҳгор шуданд, хеле бештар вомехӯранд.   Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Русия гуфта буд: “Шахсоне, ки дар ҳудуди Русия муҳлати истиқоматашон гузашта бошад ҳам, метавонанд дар муддати як моҳ ба шуъбаҳои мақомоти муҳоҷиратӣ рафта, муроҷиат кунанд ва ба онҳо барои қонунӣ гардонидани будубош корти муҳоҷиратии нав бо нишон додани мақсади вуруд дода мешавад. “Минбаъд “афв” аз 27 март оғоз гардид ва Раҷабалӣ Қосимов, ки дар шаҳри Пенза се моҳ боз бо зану фарзандонаш ғайриқонунӣ истиқомат мекард, рӯзи аввали “афв” ба идораи пулис омад ва ҳуҷҷатҳояшро пешниҳод кард. Аз ӯ хостанд, ки зану фарзандонашро ҳам биёрад ва ӯ ин дархости пулисро ҳам иҷро намуд.Баъд ӯро афв кунанд. Не, баръакс. Фарзандонро аз волидон ҷудо карданду гуфтанд, ки акнун дар назди суд ҷавоб хоҳанд гуфт ва бо қарори суд “депортатсия” мешаванд. -Ман ба гап – гапи афв бовар кардаму дидаю дониста худамро ба бало мондам. Оё беҳтар набуд, ки боз ягон сол бе ҳеҷ гуна бақайдгирӣ, ба қавли муҳоҷирон “халтура” занаму камтар пул ҷамъ карда ба Тоҷикистон баргардам?-мегӯяд Раҷабалӣ.

Чунин фиребхӯрдаҳо аз ҷумлаи 300 ҳазор “депортшуда” ва боз шояд ҳамин миқдор “ғайриқонуниҳо” кам нестанд. Ҳатто худи пулиси Русия дар рӯзҳои афв  эътироф карда буд: “ Вазорати корҳои дохилии Русия дар мавриди манъи ифтитоҳи парвандаи маъмурӣ алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистонро надодааст”. Ин дар ҳолест, ки  қаблан расонаҳои Русия иттилоъ доданд, ки мақомоти пулис дастур гирифтаанд, дар доираи афви муҳоҷирони тоҷик давоми як моҳ алайҳашон парвандаи маъмурӣ боз нашавад. Аз чунин рафтори ҷониби Русия чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки афв маҳз ба хотири ошкор намудани нафароне, ки ба таври пинҳонӣ, аз набудани шароити аз қайд гузаштан дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, роҳандозӣ шудааст. Аммо дар Тоҷикистон аҳволи онҳое,ки аллакай “депорт” шуда буданд, аз онҳое, ки аллакай дар он ҷоянд,  беҳтар набуд. Дари идораи Хадамоти муҳоҷират дар ин рӯзҳо ҳамеша пуродам буд, вале ба кам нафароне муяссар гашт, ки имкони сафари дубора ба Русияро ба даст оранд. Муҳаммад Салимбоев, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, аз вилояти Маскав ба қавли худаш, барои сари   вақт насупоридани ҷаримаи мошин ( ӯ дар он ҷо ӯ таксист буд) ки  ду сол пеш ронда шуда буд (на дар асоси қарори суд,  балки аз ҷониби ФМС, ин сохтор ҳоло вуҷуд надорад), муддати як моҳ даводав кард, вале боз ҳам натавонист “ҳукми сафед”-и худро ба даст орад. Ӯ дубора ба бозори мардикор, дар назди бозори Шоҳмансур баргаштанист.Пас, ин “ афв” ба хотири чӣ буд? Барои он, ки дили роҳбарияти сатҳи аввали Тоҷикистонро пур кунанд, ки “Русия шарики боэътимод ва ғамхори шумост”?  Агар чунин аст, пас чаро ба гуфтаҳои шарики “боэътимод” дигар эътимод кардан мумкин нест ва ҳар дафъа зери ягон “ғамхории “ навбатӣ ҳадафи дигаре ҳаст? Дар сухан ҳатто шайтонро дӯст гуфтан мукин аст, аммо амал гуноҳ аст, ки онро дӯст шуморӣ. Маълум шуд,ки “мӯи аз хирс” гирифтаи мо ҳам сӯхта баромад…

А. АҲМАДЗОДА
“Тоҷикистон”
 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *