Маслиҳату насиҳатпулӣ

 -Дӯстам ростӣ солҳои сол аст, ки ба назди духтур рафтаниям, зеро аз нохуни пой то мӯи сарам ҳама дардманд аст. мегӯянд, ки барои табобати комил гирифтан агар мошин дошта бошӣ бояд бо он хайрухуш кунӣ, агар не тамоми чорвои шохдору бешохатро қатор карда бояд ба бозор барӣ. Аммо ман дар бисотам ҳамагӣ як саг дорам, ки хонаи бедарвозаамро бонӣ мекунаду як буз барои нонрезаҳоро убол нашудан оғил надошта бошам ҳам чор фасли сол дар миёнаҷойи ҳавлӣ чормех аст-гуфт Сайид ба Акрам миёни дардмандашро молишдиҳон.  

-Эҳ дӯстам. Бовар кун агар ҳоли мана пурсӣ бадтар аз ту ҳастаму беҳтар не. Даруни даҳон ғайр аз забон ҳама аз таъсири рутубат бемор шудаанд. Модарзодӣ якто дандони зиёд доштам. Чандин бор решакан карданӣ шудам, аммо уболу савобдонҳо маслиҳат доданд, ки “Рисқатро ба дасти худат накан.” Барои “рисқ” шуда аз баҳри зебоӣ баромадам ва ҳамроҳ ба дандони иловагӣ 26 баҳору зимистонро икҷо пешвоз гирифтему гусел кардем. Аммо  5-6 сол боз дар Руссия треншекобӣ кардану семент омехта кардан аз фарқи сар то нохуни пой нам кашида будаам. Тамоми данҳонҳоям ба кавле “газак” гирифт. Дар мулки рус як-якуним тангаи ёфтаамро табобатпул накунам гуфта, нонро тар кардаву обро гарм карда бо азобе тоқат намудам. Баъди ба ватан баргаштан бо таъкиди модару ҳамсарам ба духтур рафтам. Мардум мегуфтанд, ки дар беморхона салому алайк пулакӣ хайрият, ки дурӯғ будааст.

-Дурӯғ? Чӣ хел дурӯғ?

Агар ба шумо дурӯғ бошад ба дигар корафтонагони он даргоҳи долларӣ рост аст. Охир беҳуда мардуми мо пеши табиб не, пеши корафта рав нагуфтаанд.

-Акрамҷон, домуллои “маъруф” набошам ҳам медонам, ки дурӯғ убол аст. Мна рости гапро гуфтам. Вақте аз дари беморхона даромадам  ба 5-6 духтур салом додам. Аз байни онҳо ягон нафарашон барои алайк гирифтан пул талаб накарданд.

-Сайидҷон, мақоли “кордон набошу гапдон бош”-ро фаромӯш накун. Ту ҳам ман меҳнатӣ гуфта буду шудатро ба меҳнат сарф накуну баъзе суханони рамзиро ҳам омӯз. “Дар беморхона салому алайк ҳам пулакӣ” гуфтани мардум маънии онро надорад, ки салом диҳиву аз паси саломат сомонӣ. Вақт дошта бошанд алайк мегиранд, агар не, боке нест. Пулгирӣ баъди салому алайк сар мешад. Масалан, маслиҳатпулӣ, насиҳатпулӣ, вақтпулӣ, дорухатпулӣ, дорупулӣ, сӯзандорупулӣ ва ғ…

-Ҳа, акнун фаҳмидам дӯстам. Ту  аз замони бачагиямон зирак будӣ, касе “а” гуфта монад алакай мақсадашро пай мебурдӣ. Ман бошам то гапа пӯсту пӯчоқ накунанд маънияшро дарк намекардам.

Хайрият ҳамин интернет ҳам ҳаст, ки аз баъзе гапу кори олам хабардор шуда меистем. Ба наздикӣ як хабарро хона будам. Масъулини  Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ, “фарҳанги худдорӣ аз фасод дар миёни ходимони тиб”-ро таблиғ мекарданд.

Омор аниқ бошад ё “қатраи аз баҳр” хулас гуфта шуда буд, ки соли 2016 дар Тоҷикистон 103 ва дар вилояти Хатлон 17 ҳолати ришваситонии ходимони тиб ба қайд гирифта шудааст.

Хабарро хона шод шудам, ки акнун кормандони коррупсия дарахти пораро пора-пора мекунанд. Аммо…

-Чӣ, ту бо ин гапат аз кормандони коррупсия шикоят карданиӣ?

-Не! Албатта не! Гапамро набурида гӯш мекардӣ савол ҳам намедодӣ. Ман гуфтаниям, ки аммо дирӯз чунон дарди дандон шудам, ки аз гардан боло пурра карахт шуд. Қариб буд, ки забонам ҳам аз кор монад…. 

Беҳуда намегуфтаанд, ки ба ҷангал оташ афтад на тар мемонаду на хушк. Одам, ки ба дари беморхона афтад чи муассисаи давлатӣ ва чи беморхонаи хусусӣ

-Дӯстам, ҳамватанони журналисти мо барои аниқ кардани соҳаи фасодзадатарини кишвар пурсиши афкор гузаронидаанд. Аз 88 ҳазор пурсидашуда беш аз 30 дар садашон дар миёни идораҳои давлатии фасоздада, аз ҷумла кормандони соҳаи маориф ва тандурустиро номбар кардаанд.

-Бовар кун, ба апрос бовар дорам, аммо тахмин мекунам, ки 30% не бояд 99,9 % бояд ин соҳаи дар боло зикршударо номбар мекарданд.

-Чаро ин хел мегӯӣ? Чир да кишвар дигар соҳа нест-мӣ ин ду соҳаи “бечора”-ро решаю танаи дарахти фасод унвон кардӣ?

-Албатта соҳаҳои дигар низ кам нестанд. Фасод дар соҳаи замин, кишоварзӣ, санот ва ҳатто  ҳифзи ҳуқуқ ҳам ба назар мерасад. Вале сабаби асосии ба китоби сабзи  “фасодзадаҳо” шомил шудани табибони ба ном ҳабиб ва маорифчиёни  мо  дар он аст, ки ин ду соҳа ҳамарӯза ба ҳаёти мардум сару кор дорад. Корди кормандон, ки “болои рӯғани дунба” шуд,  фикри уболу савобро накарда  тамоми нруяшонро сарф карда кӯшиш мекунанд аз мавқеашон сӯиистифода кунанд. Чашми танги дунёдорро, ки фаромади андак пур намеунад духтурону омӯзгорон ҳама илова ба маоши ҳармоҳаи давлат аз роҳҳои ғайриқонунӣ манфиат мебардоранд…

-Бовар кун дӯстам. Аз замони кӯдакия мактабхониямон ягон чизро аз ту сир надоштаам ва нахоҳам дошт.

-Медонӣ, ки хеши холабачаи падарам сардухтури беморхонаи дандонпизишкӣ  аст. хешу дур ҳам бошад одами шӯравӣ ва меҳру муҳаббати шӯравиёна дорад. Ӯ чандин бор ба ман пешниҳод кард, ки ҳоло ки аробаатро кашида метонам ягон диплом ёфта биёр, давомаш дар дасти худам аст.

Гарчанде беҳурматӣ шуд даъваташро рад карда гуфтам, ки духтурҷон ман аз ӯҳдаи дандонпизишкӣ намебароям, зеро дониши кофӣ надорам.

-Духтар маро ҳам панд ва ҳам сарзаниш кард, ки парвои донишро накунаму каме гапдону кордн шавад кифоя будаст. Ӯ каме сирри касбияшонро ошкор карда бошад ҳам гуфт: -Ҷиян, як оҳанаки каҷро мегирию ба даҳони бемор мебарӣ. Ҳар як дандони ӯро яктоӣ мезанӣ. Кай “дод” гуфт мефаҳмӣ, ки дандонони касалаш ҳамон аст.

Баъдан тавсия медиҳӣ, ки ҳарду кисаатон кай пур аз пул шуд ҳатман аз пайи табобат шавед, аҳамият диҳед, бо намакоб шӯед…

Ӯ ки “раҳмат” гуфта дастаки дарро дошт, мефаҳмонӣ, ки ин ҷо ягон фонди хайриявӣ нест, маблағи дидан, кӯфтан ва дандони касалро ёфтан 30 сомонӣ. Агар табобат карданӣ бошед, баъдан давомашро маслиҳат мекунем…

-Пас ҳоло, ки крыша дорӣ аз пайи кор шав!…

-Не ҷӯра хато кардӣ, мо танҳо крыша не инсоф ҳам дорем….

                                                                                               Фарзона Муродӣ

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *