28 номзади ҲХДТ ба вакили парлумон. Онҳо кистанд? (ном ба ном)

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзадҳои худро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва пешниҳод кард.

Номзадҳо аз  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, даъвати ҳафтум  (солҳои 2025-2030) 18 декабри 2024 дар  Анҷумани 15  ҳизб пешниҳод гардиданд.

Тавре ки АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, 2 нафари онҳо аз ВМКБ, 9 нафар  аз вилояти Хатлон, 6 нафар аз вилояти Суғд, 6 номзад аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 5 нафари  дигар аз шаҳри Душанбе мебошанд. 11 нафари онҳо бону ва 17 нафар  мард буда, намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла 5 ҳуқуқшинос, 8 иқтисоддон, 5 омӯзгор, 3 адабиётшинос ва дигарон  таърихшинос, технолог, муҳандис, агроном ва мутахасси умури гумрукӣ мебошанд.

Номзадҳои ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, даъвати ҳафтум  (солҳои 2025-2030)

Т/РНому насабСол ва ҷойи таваллудМиллатҲизбиятМаълумот, кай ва
кадом донишкадаро хатм кардааст, ихтисос
Вазифа ва
ҷойи кор
1Шермуҳаммад Шоҳиён06.01.1962
н.Балҷувон
тоҷикҲХДТОлӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳуқуқшинос    Раиси Суди Олӣ
2Матробиён Саодатшо Қосимзода15.10.1973
н.Ишкошим
тоҷикҲХДТОлӣ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербури ФР, филолог, шарқшиносВакили МН МО
3Аҳмадзода Дилноза
Давроналӣ
18.07.1989
ш.Хуҷанд
тоҷикҲХДТОлӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишкадаи идоракунии давлатӣ, иқт-ӣ.Муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ
4Ғанизода Шӯҳрат
Абдулмаҷид
02.04.1982
ш.Ваҳдат
тоҷикҲХДТОлӣ, ДДМТ ҳуқуқшиносСардори Раёсати ҳуқуқи ДИП ҶТ
5Исҳоқӣ Ҳусния
Давлаталӣ  
23.09.1979
н.Ҳамадонӣ
тоҷикҲХДТОлӣ, ДМТ, магистратураи ДМТ, муҳандис-иқтисодчӣ.Муовини раиси ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ
6Идиев Аҳмад
Маҳмудович  
26.09.1974
н.Тоҷикобод
тоҷикҲХДТОлӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, Академияи гуманитарии Москва, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, биотехнолог, ҳуқуқшинос.Муовини директори генералии Ширкати “Транс Таджик Газ”
7Имомова Нилуфар
Маҳмаисуфовна        
14.12.1983
ш.Душанбе
тоҷикҲХДТОлӣ, Донишгоҳи давлатии мииллии Тоҷикистон, ҳуқуқшинос, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсентМуовини ректор оид ба тарбия дар ДМТ
8Набизода Тоҳир
Толиб
27.09.1981
ш.Душанбе
тоҷикҲХДТОлӣ, Академияи кишоварзии ба номи К.А.Тимирязеви ш.Москва, ДДМТ, иқтисодчӣ, ҳуқуқшинос, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессорПрофессори Академияи идоракунии давлатӣ
9  Мусоҷонзода Ҷамила
Мансур
11.04.1984
ш.Кӯлоб
тоҷикҲХДТОлӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ, Академияи идоракунӣ, омӯзгор, иқтисодчӣ-менеҷер, номзади илмҳои химия, дотсентМудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур
10Ҷалолзода Миршакар
Саид  
12.11.1987
ш.Панҷакент
тоҷикҲХДТ  Олӣ,  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатӣ муҳандис-электромеханик ҳуқуқшинос, иқтисодчӣ  Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Деморатии Тоҷикистон дар ш.Бӯстон
11Бобоиён Мадина
Абдуяқинзода
08.01.1982
ш.Исфара
тоҷикҲХДТ  Олӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, филолог, омӯзгорМуовини раиси шаҳри Исфара
12Муродуллозода Дилноза
Муродулло
07.11.1983
н.Қубодиён
тоҷикҲХДТОлӣ, Донишкадаи озоди ба номи И.Сомонӣ, Донишҷӯи Академияи идоракунӣ, ҳуқуқшинос      Раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Н.Хусрави н. Қубодиён
13  Абдулмаинзода Заррина
Қадамшо
20.07.1975
н.Рӯшон
тоҷикҲХДТОлӣ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, омузгорМуовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила
14  Сафарзода Хуршед
Ҳайдар
24.02.1986
ш.Ҳисор
тоҷикҲХДТ  Олӣ, ДМТ, филолог, номзади илмҳои филологӣДиректори МДТ Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода
15Иброҳимзода Зафаршо
Сафо  
21.06.1972
н.Рӯдакӣ
тоҷикҲХДТОлӣ, ДМТ, муаррих,  номзади илмҳои фалсафаДиректори МД Осорхонаи миллии Тоҷикистон
16Ғафорзода Ҷонона
Ғафор
28.12.1988
ш.Душанбе
тоҷикҲХДТОлӣ, Донишгоҳи давлатии омузгорӣ, Акадеияи идоракунии давлатӣ, омӯзгор, иқтисодчӣ, идоракунии давлатӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент      Декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ
17Шодиён Исматулло
Раҳматуллозод
24.09.1979
н.Данғара
тоҷикҲХДТОлӣ, ДДМТ, фаъолияти ҳуқуқи номзади илмҳои ҳуқуқКотиби хамоҳангсози Шурои ҷамъиятии ҶТ
18Шоҳиён Абдураҳим
Маҳмадулло
15.08.1975
н.Фархор
тоҷикҲХДТ  Олӣ,  Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ, Академияи идоракунии давлатӣ, омӯз-гор, идоракунии давлатӣ      Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар н. Фирдавсӣ
19Қодирзода Фарҳод
Анвар
25.11.1985
ш.Душанбе
тоҷикҲХДТОлӣ, ДМТ, Донишкадаи идоракунии давлатӣ, иқтисодчӣ, идораи давлатӣПрофессори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони ДМТ
20Қосимӣ Назокат
Шералӣ
14.08.1983
н.А.Ҷомӣ
тоҷикҲХДТОлӣ, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишгоҳи давлатии ш.Бохтар, иқтисодчӣ, таъриху фарҳанг-шиносӣРаиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи А.Ҷомӣ
21Каримзода
Мирзоқосим
17.09.1984
ш.Хуҷанд
тоҷикҲХДТОлӣ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат, муносибатҳои байналхалқӣ, ҳуқуқшиносРаиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар в.Суғд
22Неъматзода Насрулло
Исматулло
14.01.1983
н.Лахш  
тоҷикҲХДТОлӣ, соли 2007 Донишкадаи иқтисоди, умури гумрукРаиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар н.Лахш  
23Ҳомидиён Орзу
Зубайдулло
27.11.1987
ш.Кӯлоб
тоҷикҲХДТОлӣ, Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, иқтисодчӣМуовини раиси шаҳри Кӯлоб
24Усмонзода Аюб
Ислом
03.03.1972
ш.Хуҷанд
тоҷикҲХДТОлӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд,омӯзгор доктори илмҳои таърихРектори МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
25      Суярова Сарвиноз
Ҷумъаевна
12.07.1983
н.Шаҳристон
тоҷикҲХДТОлӣ, Донишгоҳи аграрӣ, агроном-олим    Мудири кафедраи Донишгоҳи аграрӣ
26Шарипова Фарангис
Худоиевна
10.10.1970
ш.Душанбе
тоҷикҲХДТОлӣ, ДДМТ, забон ва адабиёти тоҷик, доктори илмҳои филологӣДиректори Институти забон ва адабиёти АМИТ
27Азимзода Азимҷон
Бахтиёр
08.05.1992
ш.Турсунзода
тоҷикҲХДТОли, Донишгоҳи молияи ФР, иқтисодчӣМуовини раиси шаҳри Турсунзода
28Эшбуризода Баҳриддин
Эшбурӣ
13.11.1981
н.Ҷ.Балхӣ
тоҷикҲХДТОлӣ, Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон, иқтисодиёти ҷаҳонМуовини раиси ноҳияи Ҷ.Балхӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *