28 тоҷике,ки «Интерпол» меҷуст дастгир шуданд

Мақомоти интизомии тоҷик 28 шаҳрванди кишварро, ки таҳти пайгарди пулиси байналмилалии “Инетрпол” буданд, боздошт кардаанд. Боздошти ин афрод ду ҳафтаи қабл ҳангоми амалиёти “Нелегал – 2017” дар ҳудуди Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, 28 нафаре, ки таҳти ҷустуҷӯи байналмиллаӣ қарор доштанд, дар содир кардани ҷиноятҳои сангин муттаҳам аз қабили куштор, интиқоли маводи мухаддир ва робита ба гурӯҳҳои ифротӣ муттаҳам  мешаванд.

“Инҳо баъди содир кардани ҷиноят ё шарикӣ дар ҷиноят фирор карда буданд. Макони онҳо номаълум буд. Рӯшан набуд, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, ё дар хориҷа. Аз ин рӯ, онҳоро дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода будем”, — гуфтааст Умарҷони Эмомалӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *