Суғд : 41 сол зиндони дуздони ниқобпӯш

Додгоҳи ноҳияи Ғафурови вилояти Суғд як гурӯҳи 5-нафарии ниқобпӯшро, ки ба ғорат ва дуздии амволи мардум машғул буд, аз 5 то 12 сол равонаи зиндон кард.

Ба қарори додгоҳ Исломхоҷа Маматхоҷаев ба 12 сол, Азаматхӯҷа Мирзохӯҷаев ба 11, Абдуаҳад Маликов ба 10 соли зиндони дорои низомаш сахт ва ду шарики онҳо — Акрамхӯҷа Аҳмадов ба 5 ва Фазлидин Ҷумъаев ба 3 соли зиндони низомаш умумӣ, маҳкум гардиданд. Додгоҳ ин афродро дар маҷмӯъ барои “роҳзанӣ” ва “дуздӣ”, гунаҳкор донист.

Мувофиқи маълумоти додгоҳ  ин гурӯҳи 5-нафарии иборат аз ҷавонони аз 20 то 26-сола, бо маслиҳати қаблӣ дар даст ашёи оҳанин ва ба сар ниқоб кашида, рӯзи 7-уми ноябри соли 2016 ба нуқтаи фурӯши сӯзишвори “Роҳи сафед”, воқеъ дар ноҳияи Ғафуров ворид гардида, ду посбони онро лату кӯб карданд ва ҳудуди 7 ҳазор сомонӣ ва ду телефони мобили посбонҳоро ба яғмо бурданд.

Ҳамчунин, ин гурӯҳ нимарӯзи 19-уми январи соли равон дар маҳали зисти худ аз набудани сокини ҷамоати Холматови ноҳияи Ғафуров — Қутфинисо Солиева дар манзилаш истифода карда, ба хонаи ӯ ворида шуда, маблағи беш аз 13 ҳазор сомонӣ пул ва ашёи дигари ӯро ғорат карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *