28 зан ва 7 марди тоҷикро аз асорати арабҳо раҳо карданд (Видео)

Чуноне сомонаи Ахбор менависад аз аввали соли 2017 мақомоти дипломатии Тоҷикистон 35 нафар – 28 зан ва 7 марди тоҷикро, ки дар Арабистони Саудӣ дар шароити ғуломона кору зиндагӣ мекарданд, ба Ватан баргардондаанд. Дар ин робита дар Тоҷикистон ба зидди се ширкат бо иттиҳоми харидуфурӯши инсон парвандаҳои ҷиноятӣ кушодаанд.

Манобеи дипломатии Тоҷикистон мегӯянд, аз аввали сол бо кӯшишу мусоидати сафорат ва консулгарии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ 35 шаҳрванди Тоҷикистонро аз шароити ғуломона дар ин кишвар озод карда ва ба Ватан баргардондаанд.

Аз ин шумор 28 нафараш занон ва 7 тани дигар мардон будаанд. Ин занҳо дар Арабистони Саудӣ асосан кори хидматгорӣ ва парасторӣ мекарданд, вале мардон барои анҷоми корҳое, чун ронандагӣ, боғбонӣ ва амсоил ин истихдом шуда буданд.

Ҳамсӯҳбатони сомонаи «Ахбор” дар мақомоти дипломатии Тоҷикистон мегӯянд, озод кардани ин афрод кори содаву осон набуд: «Пеш аз ҳама, инҳо ҳама қарордод баста омадаанд ва дар ин қарордодҳо як банд ҳаст, ки агар коргар бо ихтиёри худаш ва пеш аз замони қатъи қарордод ба Тоҷикистон баргаштанӣ шавад, бояд хароҷоти барои вай кардаи корфармо ширкатҳои корёбро баргардонад. Аз ҷумла пули билети ҳавопаймо, виза, хароҷоти сарфшуда барои ҷустуҷӯи ҷои кор. Ин чанд ҳазор доллар мешавад ва албатта, ширкатҳои корфармо ва хоҷагони ин коргарони тоҷик исрор меварзанд, ки қарордодро имзо кардааст, пас бояд то замони анҷомаш кор кунад. Дар ҳар қазия сафорат ва консулгарӣ бояд ба мақомоти ҷониби Саудӣ собит мекард, ки нисбат ба шаҳрванди тоҷик қонуншиканӣ сурат гирифтааст ва ҳуқуқаш поймол мешавад.”

Ба ҷуз аз чанд мавриди ангуштшумор аксарияти кулли онҳое, ки аз Саудӣ ба Тоҷикистон баргаштанд, аз расонаӣ шудани қазияашон худдорӣ мекунанд. Ҳамсӯҳбатони «Ахбор” мегӯянд, азбаски аксари онҳо занони шавҳардоранд, намехоҳанд ки ончӣ дар сарашон дар ин кишвари арабӣ гузашт, ошкор ва мавзӯи сӯҳбати мардум шавад.

Аз аввали сол дар матбуот дар бораи дастикам се қазияи ғуломии занони тоҷик дар Арабистони Саудӣ гузориш шуд, ки ду қазияашро сомонаи «Ахбор” ошкор кардааст.

Ҳарсеи онҳо ба Арабистони Саудӣ тавассути ширкати «Имкон-2015” барои кор омаданд. Ҳоло ба зидди «Имкон-2015” бо иттиҳоми хариду фурӯши инсон парванда кушодаанд ва раисашСаидаҳмад Сангов ахиран боздошт шуд.

ҚИССАҲОИ ҒУЛОМӢ ДАР АРАБИСТОН

Аввалин зане ки ҷуръат карда, вазъияташ дар Арабистони Саудиро ба матбуот нақл кард, Холида Раҷабова, як шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон будки аз моҳи августи соли 2016 дар шаҳри Риёзпойтахти Арабистони Саудӣ хидматгорӣ мекунад. Ӯ мози 17 март дар мусоҳиба бо сомонаи «Ахбор”шароити кору зиндагиашро дар инҷо ба ғуломӣ ташбеҳ кард ва гуфттанҳо орзуяш халосӣ аз инасорат ва баргаштан ба Душанбе, ба пеши духтари 11-солааш Моҳрӯст.

Холида Раҷабова гуфтзане ки ӯро ба кор гирифта будаз оғоз нисбат ба вай бадрафторӣмекард:«Хеле баду золим буд. Ҳақорату дашном медодмаро бе ягон сабаб чап гирифтВақте гуфтамбасмаро ба як хонаи дигар ба хидматгорӣ дод ва телефонамро аз дастамгирифтки ягонҷо шикоят карда натавонамДар як ҳафта ва он ҳам бо ғурғур ду соаттелефонамро медиҳандки бо Интернет бо духтарам гап занамтамом. Дар ин 7 моҳуниме ки инҷоамҳамагӣ се ё чор бор аз хона берун рафтаемОн ҳам як бор барои тоза кардани хонаи духтараш маро бурду як бори дигар барои тоза кардани ҳавлиимодарашМан 7 моҳ боз дар Риёзамвале ҳатто нишонии ҳамин хонаероки кормекунамнамедонамЧунки иҷозати аз дар баромадан надорам.”

Моҳи апрел Шамсия Асаналишоева, сокини 46-солаи ноҳияи Шуғнони Бадахшон ва журналисти собиқи телевизионки соли гузашта барои кор ба Арабистони Саудӣ рафт ва дар як хона дар шаҳриҶидда хидматгорӣ мекардаз вазъияти ғуломонааш садо баланд кард ва гуфтки занони тоҷикро бархилофи қарордод мисли ғулом кор мефармояндВале вақте ӯ ба нишони эътироз хостааст ба Ватан баргардад, аз вай талаб кардаанд, то ибтидо 2 ҳазор долларероки ширкати кордиҳанда барои вайсарф кардаастпардохт кунад.

Шамсия Асаналишоева гуфт, ки ӯро дар Саудӣ баъди шикояташ ба пулис шиканҷа ҳам кардаанд:«Ба рӯи ман электрошок мондандмаро мисли ҳайвон азоб додандМисли ҳайвон ва боз штраф талаб мекунанд. Як бари рӯям варам будгарданам ҳамаи ҷоям пайи электрошокдошт.”

Охирин зане, ки қазияаш тавассути сомонаи «Ахбор” расонаӣ шуд ва сарусадои зиёд ба по кард, модари 15 фарзанд аз ноҳияи Восеъ Нурбибӣ Мансурова буд. Нурбибӣ Мансурова аз моҳи августи соли 2016 дар шаҳре дар шимоли Саудӣ барои як араб хидматгорӣ мекард ва бар асоси қарордод, бояд то августи 2018 онҷо мемонд. Вале баъди дахолати консули Тоҷикистон Саидҷон Шафиев корфармои араб аз тарси таъқиби қонунӣ розӣ шуд, ки ӯро ҷавоб диҳад.

Нурбибӣ Мансурова ду ҳафта пеш ба Тоҷикистон баргашт ва мегӯяд, дигар ҳеҷ гоҳ ҳатто фикри ба Арабистон рафтанро намекунад. Зимнан ин модар 28-уми зани тоҷик ҳамони зани охирин, яъне 28-умест, ки аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон баргардонда шуд.

Онҳое, ки аз Саудӣ ба Тоҷикистон баргаштанд, ба сафорат ва ба хусус ба сафир Заробиддин Қосимӣ ва консули Тоҷикистон дар Саудӣ Саидҷон Шафиев  изҳори ташаккур мекунанд.

ХОЛАҲО, ШУМО КУҶО ОМАДЕД?

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 25 сентябр хабар дод, ки ба зидди се ширкат —ҶДММ«Абдулкарим» воқеъ дар шаҳри Душанбе ноҳияи Фирдавсӣ 15/1, «Ҷамол-2012» воқеъ дар суроғаишаҳри Душанбеноҳияи Шоҳмансуркӯчаи Назаршоев 21/7 ва «Имкон-2015» воқеъ дар суроғаиноҳияи Рӯдакӣҷамоати деҳоти Чимтеппадеҳаи Гулпарвар— бар асоси бандҳои «г” ва «ё”и қисмидуюми моддаи 130-юми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми харидуфурӯши инсон парвандаиҷиноятӣ оғоз кардааст.

Иттифоқан рӯзе ки Нурбибӣ Мансуроваро аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон гусел мекарданд, дар фурудгоҳ се зан аз Хуҷандро дидаанд, ки тоза барои кор ба Саудӣ омадаанд. Ҳамсӯҳбати «Ахбор” мегӯяд, вақте ин се ҳамватани дигарашро дид, беихтиёр хитобашон кард: «Холаҳо, охир шумо боз куҷо омадед?”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *