Аниса Маннонова – Тоҷикистон

Сароб

Оне, ки ба дил дер расид, зуд бирафт,
Оташ ба миён ниҳоду чун дуд бирафт.
Бо меҳри камаш агарчӣ шукре гуфтем,
Сад дарду ситам ба сина афзуд, бирафт.
Чун нори Халил равони мо носӯхта,
Афсонасифат ба сони Намрӯд бирафт.
Аз баҳри муҳаббаташ зи худ бигзаштем,
Раҳме ба дили шикаста нанмуд, бирафт.
Аз ишқ ба мо расид агар хомаву шеър,
Бо дасти тиҳиву зулму бе суд бирафт.

***

Худкома…

Дигар ман қотили ишқам,
Ки тифли ишқро куштам.
Даруни маҳбаси ин дил,
Ғами ӯ мезанад муштам.

Дигар ман душмани дардам,
Ки умре ашкҳоям рехт.
Дар ин ҳасратсарои даҳр,
Аҷаб хоки вуҷудам бехт.

***

Барбодрафта

Афсона зиёд гуфтаму афсонашунав не,
Орзуи ниҳон киштаму мавсими дарав не.
Дар кӯчаи умр бо сару по хуб давидам,
Такрори кӯҳан дидаму як ҷодаи нав не.
Дар пеши шумо роҳи савоб, роҳи хато буд,
Бар масҷиди ишқи абадӣ пойи бирав не.
Гар ҷурми падар хӯрдани гандуми биҳишт аст,
Ин кӯҳи гуноҳам ба назар хирмани ҷав не.
Эй вой, пушаймонии дил дуру дароз аст,
Аз ишқи ту як бахти накӯе ба гарав не.

انیسه منان آوا- تاجیکستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *