Ваколати Розиқзода Хуршед Андалиб боз дошта шуд

Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси суди ноҳияи Рашт Розиқзода Хуршед Андалиб аз вазифааш озод карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фармон зикр мешавад, ки ваколати раиси суди ноҳияи Рашт Розиқзода Хуршед Андалиб бинобар вафоташ қатъ карда шавад.

Гуфта мешавад, ин фармон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст.

Қобили зикр аст, ки Розиқзода Хуршед Андалиб бо фармони Сарвари давлат санаи 11 январи соли гузашта ба ин мансаб таъин шуда буд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *