Боздошти зодаи Турсунзода дар маскав

Як шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Ижевски Русия дастгир шудааст. Ин зодаи шаҳри Турсунзода дар Тоҷикистон бар асоси ду банди моддаи 307-уми Кодекси ҷиноятӣ ба ташкили созмони ифротӣ ва фаъолияти ифротӣ айбдор мешавад.

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Удмуртияи Русия рӯзи 11 май бо нашри ду акс хабар дод, ки як шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон дар маркази ин ҷумҳурӣ, шаҳри Ижевск бар асоси дархости мақомоти Душанбе дастгир шуд. Ин мард, ки зодаи шаҳри Турсунзода будааст, аз сӯи мақомоти Тоҷикистон бар асоси ду банди моддаи 307-уми Кодекси ҷиноятӣ (ташкили созмони ифротӣ ва фаъолияти ифротӣ) айбдор шуда, таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ гузошта шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Удмуртия гуфт, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷараёни як амалиёти муштараки Маркази муқобила бо экстремизм (Маркази «Э”)-и вазорати дохила ва ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – боздошт шудааст.

Дар ҳоли ҳозир, шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон дар ИВС – боздоштгоҳи муваққати пулиси Ижевск қарор дошта, масъалаи истирдодаш ба Душанбе баррасӣ мешавад.

Ба ӯ дар Тоҷикистон барои ташкили созмони ифротӣ аз 5 то 8 соли зиндон ва барои фаъолияяти ифротӣ боз аз 5 то 8 сол ҳукми зиндони дигар таҳдид мекунад.

Вазорати корҳои дохилии ин минтақаи Русия гуфт, тафсилоти ин боздоштро шоми 11 май, соати 19:55 дар барномаи «Закон и время” дар шабакаи телевизионии «Моя Удмуртия” ва рӯзи 12 май, соати 19:20 дар барноммаи «МВД 18” дар шабакаи телевизионии «Россия 24” нашр хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *